Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон эҳтимоли ҷинояти ҷангии Русияро дар Украина таҳқиқ мекунад


Шаҳри Харков, 7-уми марти 2022
Шаҳри Харков, 7-уми марти 2022

Додситонии федеролии Олмон эҳтимоли ҷинояти ҷангии Русияро дар ҳудуди Украина таҳқиқ мекунад.

Ба иттилои оҷонси хабарии dpa, додситонӣ дар бораи ҷиноятҳои содиркардаи Русия иттилоъ дорад ва ин эҳтимол ҳам мавҷуд аст, ки ҷиноятҳо афзоиш хоҳанд ёфт.

Бино ба кодекси ҷиноии байналхалқӣ, додситонии федеролӣ ё кулли ҳар кадом кишваре метавонад, ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят зидди башариятро дар саросари дунё таҳқиқ кунад.

Русия бо фармони президенти он кишвар Владимир Путин рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла кард. Ба иттилои СММ, дар ин муддат 2 миллион нафар аз Украина фирор кардаанд. Иттиҳоди Аврупо мунтазир аст, ки аз 2,5 то 6,5 миллион фирориро аз Украина бипазирад.

Додгоҳи байналхалқии СММ дар Гаага рӯзи 7-уми март ба баррасии шикояти Украина зидди Русия пардохт. Киев Маскавро дар тафсири нодурусти конвенсияи байналхалқӣ дар бораи қатли ом ё наслкушӣ айбдор мекунад. Украина гуфтааст, Русия бо истифода аз тафсири ғалат аз қатли ом ба Украина ҳамла кардааст.

Путин барои шарҳи ҳаводиси Донбасси Украина борҳо аз мафҳуми "наслкушӣ" истифода бурдааст.

XS
SM
MD
LG