Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дифои Украина кушта шудани генерал Герасимовро тасдиқ кард


Виталий Герасимов
Виталий Герасимов

Вазорати дифои Украина тасдиқ кард, ки генерал-майори артиши Русия Виталий Герасимов дар набардҳои наздикии Харков кушта шудааст. Ӯ дар ҷанги дувуми Чеченистон, амалиёт дар Сурия ва ишғоли Қрим ҳузур дошт.

Рӯзноманигори таҳқиқотгар Христо Грозев иддао дорад, ки марги Герасимовро сабти гуфтугӯи низомиёни Русия тасдиқ мекунад. Вай мегӯяд, ин сабтро дар ихтиёр дорад, аммо намегӯяд, ки аз куҷо гирифтааст ва дурустии он тасдиқ шудааст ё не.

Мақомоти Русия то ҳол марги генерал-майор Виталий Герасимовро тасдиқ накардаанд.

Саҳифаҳои гуногуне дар Telegram, ки аз ҷанги Русия дар Украина пуштибонӣ мекунанд, ба зинда будани Герасимов пофишорӣ доранд. Ҳамзамон дар бораи зинда будани генерал низ далеле оварда нашудааст.

Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи марги генерал-майор, Андрей Суховетский дар Украина хабар доданд. Он ҳам расман тасдиқ нашудааст.

XS
SM
MD
LG