Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги нави гаронарзиштарин футболбозони Осиё нашр шуд


Сон Ҳин-Мин, ҳамлагари кореягии бошгоҳи футболи "Тоттенҳем Ҳотспур"-и Англия
Сон Ҳин-Мин, ҳамлагари кореягии бошгоҳи футболи "Тоттенҳем Ҳотспур"-и Англия

Сон Ҳин-Мин, ҳамлагари кореягии бошгоҳи футболи "Тоттенҳем Ҳотспур"-и Англия, дар рӯйхати навшудаи гаронарзиштарин футболбозони Осиё аз рӯи фарзияи Transfermarkt дар ҷои аввал қарор гирифт.

Нархи ҳамлагар 80 миллион евро арзёбӣ мешавад. Ба сегонаи беҳтарин бозигари эронии дастаи «Байер Леверкузен»-и Олмон Сардор Озмун (25 миллион евро) ва ҳимоятгари ҷопонии «Арсенал»-и Англия Такеҳиро Томиясу (25 миллион евро) шомил шуданд.

Ҳамлагари узбекистонии бошгоҳи “Рома”-и Италия Элдар Шомуродов, ки 12 миллион евро арзёбӣ шуд, ҷои 7-умро касб кардааст.

Панҷ бозигар аз Ҷопон, се бозигар аз Ҷумҳурии Корея, ду эронӣ ва як узбек дар қатори даҳ гаронарзиштарин футболбозони Осиё шомил шуданд, ки дар ҳоли ҳозир тавозуни нерӯҳо дар минтақаро ба таври кофӣ инъикос мекунад.

Дар мавриди футболбозони аз ҳама гаронбаҳои Тоҷикистон, Transfermarkt аз нимҳимоятгари 27-солаи дастаи «Локомотив» (Пловдив)-и Булғористон Парвизҷон Умарбоев ва нимҳимоятгари 28-солаи «Истиқлол»-и Душанбе Алишер Ҷалилов, ки ба бошгоҳи узбекистонии АГМК (Олмалиқ) гузашт, ном бурдааст. Умарбоев 900 000 евро ва Ҷалилов 700 000 евро арзиш доранд.

XS
SM
MD
LG