Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудият ба баргузории маъракаҳо дар Тоҷикистон бекор шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Маҳдудиятҳое, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 дар тӯю маъракаҳо дар Тоҷикистон ҷорӣ шуда буданд, аз байн рафтанд. Дар ин бора Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 дар Тоҷикистон шоми 7-уми март расман хабар дод.

Дар хабарномаи Ситод омадааст, "баргузор намудани тўйи домодию арусӣ ва дигар ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешавад".

Моҳи июли соли 2020 дар рӯзҳое, ки кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон бо бемории COVID-19 мубориза мебурданд, мақомот дар баргузории тӯю маъракаҳо маҳдудият ҷорӣ карданд. Бар асоси ин қарор, бояд тӯй ва арӯсиҳо дар доираи оила ва бо ширкати шумори камтарини меҳмонҳо то 30-40 нафар баргузор шавад.

Ҳамакнун бар асоси Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, гузарондани тӯю арӯсиро бо ширкати то 200 нафар иҷозат аст.

Бо тасмими дигари Ситоди ҷумҳуриявӣ, аз рӯзи 7-уми март реҷаи ҳатмии пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳам лағв шудааст. Бар асоси ин тартиб, ки моҳи июли соли 2020 ҷорӣ шуда буд, сокинонро барои надоштани ниқоби тиббӣ аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мебанданд. Дақиқ нест, ки дар муддати қариб ду сол мақомот чанд нафарро барои надоштани ниқоб ҷарима бастанд.

Бардоштани маҳдудият дар тӯйҳо ва лағв шудани реҷаи ҳатмии пӯшидани ниқоб аз охирин маҳудиятҳои вобаста ба COVID-19 дар Тоҷикистон мебошанд, ки бекор карда шуд.

XS
SM
MD
LG