Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе қаҳрамонии CAFA миёни дастаҳои мунтахаби занона (U-18) баргузор мешавад


Аз 11-ум то 15-уми март дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 18-сола баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқаи минтақавӣ чаҳор дастаи мунтахаби духтарон аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат меварзанд. Мунтахаби Тоҷикистонро ба ин мусобиқа сармураббӣ Иззатулло Исҳоқов омода месозад.

Дар доираи қаҳрамонии CAFA-2022 ҳамагӣ шаш бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегарданд. Бозӣ 90 дақиқа давом мекунад.

Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мегардад ва дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бадастоварда маълум хоҳад шуд.

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) нахустин бозиашро 11-уми март муқобили тими Қирғизистон баргузор мекунад.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона (U-18)

Иштироккунандагон: Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Қирғизистон.

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

11 март (ҷумъа)

14:00 – Узбекистон – Эрон

17:00Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 2-юм

13 март (якшанбе)

14:00 – Қирғизистон – Узбекистон

17:00 – Эрон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

15 март (сешанбе)

14:00 – Эрон – Қирғизистон

17:00Тоҷикистон – Узбекистон

XS
SM
MD
LG