Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон барои берун овардани шаҳрвандонаш аз Украина 7 парвоз ташкил кардааст


Ҳавопаймои Узбекистон.
Ҳавопаймои Узбекистон.

Барои расонидани узбекистониҳо ба ватанашон аз Лаҳистон ҳафт парвоз ташкил шудааст. Узбекистониҳо аз Украина ба Лаҳистон паноҳ бурда буданд.

Ба иттилои вазорати нақлиёти Узбекистон, ҳавопаймои ҳафтум аз фурудгоҳи Катовитсеи Лаҳистон шоми 2 март парвоз кардааст.

Бо парвози охир 181 шаҳрванди Узбекистон ба ватанашон оварда шудаанд. Аммо гуфта нашудааст, ки дар маҷмуъ чи теъдод узбекистониҳо аз Лаҳистон оварда шудаанд.

XS
SM
MD
LG