Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ ба Теҳрон меравад


Рафаэл Гросси
Рафаэл Гросси

Ҳамзамон бо афзоиши эҳтимоли даст ёфтани Эрон ва Ғарб ба созиши ҳастаӣ, Рафаэл Гросси, мудири кулли Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ, рӯзи панҷуми март ба Теҳрон сафар хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи 3-юми март Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ хабар дод.

Вебсайти Нурнюс, наздик ба мақомоти Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломӣ, низ бо нашри хабар навишт, "эҳтимол сафари мудири кулли Оҷонс ба Теҳрон бо ибтикори вай барои даст ёфтан ба нақшаи роҳи муштарак барои ҳаллу фасл масоили миёни Эрон ва Оҷонс, рабт дошта бошад".

Сафари Рафаэл Гросси ба Теҳрон дар ҳоле анҷом мешавад, ки музокирот барои эҳёи созиши ҳастаӣ миёни Эрон ва Ғарб дар Вена дар ҷараён аст.

Эрону Амрико ҳар ду даст ёфтан ба натиҷаро вобаста ба тасмими якдигар медонанд. Ин созиш соли 2015 ба даст омад ва соли 2018 Амрико аз он берун шуд. Иёлоти Муттаҳида пас аз берун шудан аз ин тарҳ таҳримҳои қаблии бекоршуда алайҳи Теҳронро барқарор кард.

Тибқи гузоришҳои нашршуда дар расонаҳо, Эрон хостори бекор шудани таҳримҳое аст, ки дар давраи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико ҷорӣ шудааст. Вале Амрико мегӯяд, таҳримҳоеро, ки бинобар "ҳимояти Эрон аз терроризм" ҷорӣ шудааст, наметавонад бекор кунад.

Рӯзи 2-юми март садри аъзами Олмон Олаф Шолтс аз Эрон даъват кард, ки ҳар чи зудтар масъалаҳои боқимондаро ҳал кунад ва ба созиши ҳастаӣ баргардад.

XS
SM
MD
LG