Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот ба як захмии муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пойи сунъӣ надодаанд. ВИДЕО


Темуралӣ Наврӯзов, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Бемористон, моҳи майи 2021

Бо гузашти даҳ моҳ аз муноқишаи маргбор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, як сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъача наметавонад, дигарбора ба пояш рост биистад. Темуралӣ Наврӯзов дар он ҳодиса захмӣ шуд ва табибон қисме аз пояшро буриданд. Мақомот ваъда дода буданд, ки барояш пойи сунъӣ мегиранд, вале то ҳол иҷро накардаанд.

“Замин нагирифтем, қарзи бонкро бармегардонем”

Хонаводаи Наврӯзовҳо дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз таъсири ҷанги марзии соли гузашта то ҳанӯз ранҷ мекашанд. Дар он ҳодиса хумпора ё гулӯлае ба наздикии ҳавлии онҳо афтод ва як пойи писари калонии хонаводаро сахт захмӣ кард.

Ин захм на танҳо ба саломатии Темуралӣ Наврӯзов зиён расонд, балки зиндагии онҳоро ба мушкил гирифтор кард. Ҳамсари ҷавонаш аз тарс бемории қанд шудааст. Мансурҷон Наврӯзов, падари Темуралӣ, мегӯяд, “зиндагиямон аз ҳисоби деҳқонӣ мегузашт. Ҳар сол замин гирифта, кишт мекардем. Баъд аз он ки писарам ба ин ҳол дучор шуд, дигар нагирифтем. Пул ҳам надорем.”

Темуралӣ Наврӯзов замоне аз пояш маҳрум шуд, ки барои сафар ба Русия омодагӣ медид ва бо қарзи бонк билети ҳавопайморо харида буд. Вай аз соли 2014 дар мавсими кор ба Русия мерафт ва касбаш кафшергарию устои сохтмон аст. Ният дошт, имсол додари ягонаашро оиладор мекунад, вале бо нафақаи маъюбиаш, ки 124 сомонӣ аст, ба чунин коре акнун қодир нест.

“Аз бонк 10 ҳазор сомонӣ кредит (қарз) гирифта будам. Ҳеч кас ёрӣ накард. Худамон аз ҳар тараф қарз гирифта, пули бонкро бармегардонем,” – гуфт Наврӯзов.

Наворро дар инҷо бинед:

Темуралӣ аз пояш маҳрум шуд, қарзро ба танҳоӣ бармегардонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Пойи сунъӣ куҷо шуд?

Дар ҳодисаи моҳи апрел-майи соли 2021 танҳо аз пайвандони Наврӯзовҳо дастикам панҷ нафар маҷруҳ шуда буданд. Амаку писарамакҳои Темуралӣ ҷароҳатҳои сабук бардоштаву табобат гирифтаанд.

Баъд аз чанд рӯзи муноқиша масъулони ҳукуматӣ ба аёдати захмиён рафта, ёрии якдафъаинаи молӣ расонданд. Он замон масъулони ҳукумати маҳаллӣ муваззаф шуда буданд, ки ба Темуралӣ ҳарчӣ зудтар пойи сунъӣ бичаспонанд, вале ин ваъда то ҳол иҷро нашудааст.

Темуралӣ Наврӯзов, сокини Овчӣ-Қалъача, мегӯяд, “баъд аз шаш моҳи табобат пайванди пойи сунъиро иҷозат дода буданд, вале азбаски “шинос” надорем, дар ин кор мушкилӣ мекашем. Тезтар пойи сунъӣ пайваст карда, аз пайи зиндагӣ шудан зарур аст. Бояд фарзандонро нигоҳубин кунам. Раис гуфта буд, пойи сунъӣ мекунем, вале ҳеч кас наомад.”

Давлатбек Зафарзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар нишасти хабарии моҳи феврал гуфт, аризаи дархостиро аз хонаводаи Наврӯзовҳо қабул кардаанд ва ин масъаларо баррасӣ доранд. Вале санаи дақиқи дастраскунии пойи сунъиро нагуфт.

Навор аз бойгонии Озодӣ:

Соли гузашта дар баробари чанд минтақаи шаҳри Исфара, ду ҷамоати калонтарини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз ва Овчӣ-Қалъача, ки бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон беш аз 40 километр марз доранд, низ шоҳиди даргириҳои шадид шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, дар пайи он даҳҳо ҳавливу иншооти давлатӣ осеб дида, қисме аз сокинон зиёни ҷисмию равонӣ диданд. Вале афроде ба монанди Темуралӣ Наврӯзов мегӯянд, мақомот зуд онҳо ва ранҷҳояшонро аз ёд бурданд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG