Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харитаи Ворух дар девори президенти Қирғизистон баҳс бапо кард


Намои харитае дар қароргоҳи президенти Қирғизистон. Акс аз хабаргузории КактусМедиа

Намои харитае дар қароргоҳи президенти Қирғизистон, ки дар он Ворух бо Тоҷикистон пайванд тасвир шудааст, сабаби моҷарое дар расонаҳои Қирғизистон ва шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.

Дафтари раёсатҷумҳурии Қирғизистон гуфт, "иштибоҳ ислоҳ карда ва гунаҳкор ҷазо дода мешавад". Аммо корбарони бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, дар девори президент "харитаи рост ва дуруст овехта шудааст".

Рӯзи 20-уми ноябр ба муносибати “Рӯзи кормандони прокуратура” Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон бо кормандони додситонӣ ҷоиза супурд. Дар наворе, ки аз ин маросим нашр шуд, дар пушти Содир Ҷабборов харитае дида мешуд, ки дар он Ворух бо қаламарви Тоҷикистон пайваст аст.

Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон даъво дорад, ҷамоати Ворухи Исфара ҷазирае дар дохили ҳудуди Қирғизистон аст ва роҳи пайванди он ба Тоҷикистон аз они Қирғизистон мебошад. Тоҷикистон батакрор гуфтааст, Ворух ҳеҷ гоҳ анклав набуд ва ин ҳолат бо ишғол шудани заминҳои байни Ворух ва Исфара аз тарафи қирғизҳо ба миён омадааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчун далел ба харитаҳои пешина такия мекунанд ва акнун корбарон дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, яке аз чунин нақшаҳои пешина дар девори қароргоҳи президенти Қирғизистон овехта шудааст.

Аммо тарафи Қирғизистон бар пояи харитаҳои навтарин Ворухро анклав мешуморад ва аз масъалаи додани гузаргоҳ байни Ворух ва Тоҷикистон ҳамчун абзори фишор истифода мекунад. Анклав ҷоеро мегӯянд, ки қаламрави як кишвар дар дохили кишвари дигар ҷойгир аст. Дар аксари харитаҳои Қирғизистон Ворух анклав нишон дода шудааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Содир Ҷабборов хостанд, ин мавзуъро шарҳ диҳад. Навори видеоӣ аз саҳифаҳои расмӣ пок шуд, вале ин ба баҳсҳо хотима надод.

Дар баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон Ворух як нуктаи ҳасос боқӣ мондааст. Ду ҷониб дар мавриди роҳе, ки Исфараро ба Ворух мепайвандад, ба ҳеҷ мувофиқате даст наёфтаанд. Тоҷикистон борҳо гуфтааст, ки иддаои анклав нишон додани Ворух бепоя аст, вале Қирғизистон ба анклав будани ин ҷамоат пойфишорӣ дорад.

Моҳи марти имсол Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки ба Тоҷикистон пешниҳоди иваз кардани Ворух ба дигар қитъаи заминро кардаанд. Ин ҳарфи мақомдори қирғиз дар Тоҷикистон сару садо бапо кард. Аввали моҳи апрел Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух сафар кард ва гуфт, ки дар ҳеҷ гуфтушуниди байни ду кишвар масъалаи иваз кардани Ворух ба дигар қаламраве вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта наметавонад.

То имрӯз аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 519 километри он таъин ва аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ сабаби чандин муноқиша барои обу роҳу чарогоҳ ва замин гаштааст. Охири моҳи апрел баҳсҳои лафзии ду тараф барои насби дурбин дар иншооти тақсими об бо номи "Головной" ба даргирии мусаллаҳона печид. Дар задхӯрдҳои дурӯза аз ду тараф беш аз 50 тан кушта, зиёда аз 200 нафар захмӣ ва даҳҳо манзили зисту биноҳои маъмурӣ хароб шуданд.

Мушкили муайян карданни хатти марз аз он ҷо маншаъ мегирад, ки мақомоти Тоҷикистон ба харитаҳои солҳои 1924-1927 рӯ меоранд, аммо тарафи Қирғизистон мехоҳад сарҳад аз рӯйи харитаҳои солҳои 1958-59 ва 1989 кашида шавад. Мақомоти Тоҷикистон харитаҳои навтаринро зидди манфиатҳои миллии худ мешуморанд ва ҳамчунин далел меоранд, ки қарорҳои иҷораи замин ва тағйири хатҳо аз марҳилаи қонунӣ нагузашта, тасдиқ нашудаанд.

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG