Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Масъалаи роҳи Ворух матраҳ набуд." Сокинон ба Содир Ҷабборов чӣ гуфтанд ва чӣ шуниданд?


Содир Ҷабборов (Садир Жапаров), Бодканд (Баткен), 27-уми майи 2021
Содир Ҷабборов (Садир Жапаров), Бодканд (Баткен), 27-уми майи 2021

Баъзе аз сокинони вилояти Бодканд (Баткен)-и Қирғизистон, минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон, ҷузъиёти мулоқотро бо раиси ҷумҳури он кишвар, Содир Ҷабборов (Садир Жапаров), нақл карданд. Онҳо гуфтанд, ки масъалаи роҳи Ворух матраҳ набуд, аммо мавзӯи табдили баъзе аз қитъаҳо садо дод. Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр сарҳад доранд ва бо гузашти солҳо бештар аз чаҳорсад километри онро муайяну нишонагузорӣ карда наметавонанд.

Ду роҳи наздисарҳадӣ

Ҷабборов (Жапаров) охири ҳафтаи гузашта бо сафари дурӯза дар вилояти Бодканд қарор дошт. Вай бо осебдидагони муноқишаи охири моҳи апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот карда, рӯзи 28-уми май бо сохтмони роҳи Минбулоқ – Чоргоҳ – Оқсой ошно шуд. Ин роҳ 48 километр аст ва дар сурати сохта шудан масири ҳозираро ба Оқсой иваз хоҳад кард.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон рӯзи 27-уми май бо сохтмони роҳи Самарқандак – Мадиген – Дарқум (дарозиаш 44,1 километр), ки ноҳияҳои Лайлаку Бодкандро бо ҳам мепайвандад, низ шинос шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти президенти Қирғизистон, ин роҳ ба сокинони 17 деҳаи вилояти Бодканд имкон медиҳад, ки вақти сафар ба шаҳри Исфанаро кӯтоҳтар кунанд.

Бодканд, 28-уми майи 2021
Бодканд, 28-уми майи 2021

Тибқи навиштаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Содир Ҷабборов (Садир Жапаров)рӯзи 27-уми май дар деҳаи Оқ-Татир ба шаҳрвандоне, ки дар ҷараёни низои марзӣ осеб диданд, гуфтааст, корҳои сохтмонӣ дар деҳаҳои онҳо идома дорад ва ба зудӣ ба хонаҳои замонавӣ хоҳанд кӯчид.

Дар ҷараёни мулоқот сокинон дархостҳои худро дар бораи бунёди кӯдакистонҳо, толори варзишӣ, марказҳои фарҳангӣ, таваллудхонаҳо, мактабҳо ва иншооти дигари иҷтимоӣ баён доштаанд.

Чӣ гуфтанд, чӣ шуниданд?

Юнус Масодиқов, сокини деҳаи Куктош, ки дар мулоқот бо президенти Қирғизистон ширкат дошт, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, Содир Ҷабборов (Садир Жапаров) дар бораи чӣ суҳбат кард. Ӯ гуфтааст, "суолҳои зиёде дода шуд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар сурати мувофиқа, мумкин аст, ҳудуди Кок-Терекро иваз карда, дар ҷойҳои дигар замин диҳанд. Президент ба суолҳои сокинон посух дод, аммо дар бораи роҳи Ворух чизе гуфта нашуд. Ин мавзуъ матраҳ набуд. Баъзе саволҳо дода нашуданд."

Раиси ҷумҳури Қирғизистон ҳангоми мулоқот бо сокинони деҳаи Оқсой ваъда додааст, ки минтақаро рушд медиҳад.

Мулоқот дар Бодканд, 27-уми май
Мулоқот дар Бодканд, 27-уми май

"Давлат минбаъд низ ба сокинони минтақаи Бодканд диққати ҷиддӣ медиҳад. Минбаъд низ кӯшишҳои худро ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа, таъмини амнияти сарҳад равона мекунам. Мо ният дорем, ки некӯаҳволии сокинони маҳаллиро беҳтар кунем, илова бар ин, давлат барои ҳалли масъалаҳои сарҳади давлатӣ тамоми имкониятҳоро истифода мебарад. Дар ин самт чораҳо андешида шуданд, комиссияҳои байниҳукуматӣ кор мекунанд", -- иқтибос овардааст дафтари матбуоти президенти Қирғизистон аз Содир Ҷабборов.

Аммо сокинони маҳаллӣ гуфтанд, аз ҳама муҳим ҳифзи сулҳу амният аст.

Ҷабборов (Жапаров) дар ҷараёни сафараш ба дидбонгоҳи сарҳадии “Орто-Боз” дар Бодканд рафта, дар он ҷо бо шароити хидмати ҳарбӣ ва тарзи зиндагии сарбозону афсарон шинос шудааст. Бино ба гузоришҳо, ӯ аз дидбонгоҳи сарҳадии "Жани-Жер" дар минтақаи Лайлак низ дидан кардааст.

Ба ҷуз ин, хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки ӯ ба деҳаи Мақсат рафта, дар он ҷо тарҳи сохтмони як боғчаи нави дуошёнаро барои 100 нафар аз наздик дид. Вай дар деҳаи Борбордук барои сохтмони бинои нави мактаби миёна барои 225 ҷой санги асос гузоштааст.

Муроҷиат: "Моро кӯчонед"

Як рӯз пеш аз сафари Содир Ҷабборов, 26-уми май, сокинони деҳаи Тош-Тумшуқи вилояти Бодканд ба президент муроҷиатнома фиристода, ташвиши худро дар мавриди вазъи, ба гуфтаи онҳо, “хатарноки сарҳад” баён доштанд.

Роҳ ба сӯи Ворух
Роҳ ба сӯи Ворух

Актилек Гулҷигит-қизӣ, фаъоли минтақаи Бодканд, рӯзи 26-уми май дар саҳифаи худ дар Фейсбук навореро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, аксар сокинони деҳа хонаҳои худро тарк кардаанд. “Президенти муҳтарам. Мо дар минтақаи хатарнок зиндагӣ мекунем. Ҳоло хонаҳои худро тарк карда, маҷбурем, дар ҷойҳои гуногун бошем. Хоҳиш мекунем, ки моро бо мақсади амният аз деҳаи Тош-Тумшуқ кӯчонед", -- гуфт яке аз сокинони деҳа дар муроҷиат ба раиси ҷумҳури Қирғизистон.

Деҳаи Тош-Тумшуқ, ки дар наздикии роҳи Исфара – Оқсой – Ворух ҷойгир аст, ба вилояти Бодканд тааллуқ дорад. Тибқи иттилои расмӣ, дар ин деҳа беш аз 500 нафар зиндагӣ мекунанд.

Сафари дувум пас аз задухӯрди мусаллаҳона

Тайи як моҳи охир ин сафари дувуми Содир Ҷабборов (Садир Жапаров) ба вилояти Бодканд аст. Бори аввал ӯ рӯзи 6-уми май, пас аз низои мусаллаҳона дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон, ба минтақа рафта буд. Дар онҷо гуфта буд, ки хонаҳои сӯхтаву вайроншударо дар зарфи ду моҳ аз ҳисоби давлат месозанд.

Роҳ ба Оқсой
Роҳ ба Оқсой

Ҷабборов (Жапаров) рӯзи 5-уми май фармонро "Дар бораи чораҳои муҳими барқарорсозӣ ва рушди деҳаҳои наздисарҳадии минтақаи Бодканд" низ ба имзо расонд. Мувофиқи он зери раҳбарии сарвазир Комиссияи давлатии барқарорсозӣ ташкил шуда, раиси пешини шаҳри Бодканд, Мамурҷон Раҳимов, намояндаи махсуси президент дар минтақа таъин гардид.

Пас аз он дар бораи оғози корҳои сохтмонӣ дар як қатор деҳаҳо хабар дода шуд. Гулгаки Мамасалиева, намояндаи гурӯҳи назораткунандаи ҷараёни барқарорсозӣ ва роҳбари маркази “Интербилим” дар Уш гуфт, баъзе аз сокинони маҳаллӣ аз сифати сохтмон розӣ нестанд.

Вай афзуд: "Мардум мегӯянд, агар барои муҳофизат аз шамолу ярч дар сохтмонҳо аз хишти пухтаву санг истифода мешуд, худро амн ҳис мекарданд. Онҳое, ки пештар хонаҳояшон хурду бесифат буд, аз сохтмони манзилҳои нав хурсанданд. Онҳое, ки хонаҳои калони босифат доштанд, мегӯянд, зиён диданд. Ин маънои онро надорад, ки ҳама норозиянд, аммо чунин шахсон ҳастанд. Онҳо мегӯянд, то анҷоми сохтмон мунтазир мемонанд ва сипас хулоса мебароранд."

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона сар зад, ки дар натиҷаи он аз ду тараф даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳалокати 19 нафар ва захмӣ шудани 87 нафар хабар доданд. Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон гуфт, дар ин ҳодиса 204 нафар осеб дида, 36 нафар ҷон бохтанд.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 3-юми май эълом доштанд, ки 14 хона дар се ҷамоати Исфара комилан ва ду хона қисман ва дар деҳаи Овчӣ-Қалъача як бинои истиқоматӣ ва мактаби миёна қисман хароб шуданд. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ хонаҳои вайроншударо дар минтақаҳои сарҳадӣ бештар аз ҳисоб карданд.
Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар натиҷаи муноқиша дар деҳаҳои Бодканд 136 хона сӯхтаву вайрон шуда, 5 мактаб, 2 нуқтаи тиббӣ, 3 кӯдакистон, 2 шӯъбаи полис, 24 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 60 иншооти тиҷоратӣ, 2 посгоҳи марзӣ ва як клуб хароб гардиданд.
Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози даргирии мусаллаҳона айбдор мекунанд. Додситониҳои ду кишвар ба таври ҷудогона ҳодисаро таҳқиқ доранд.
XS
SM
MD
LG