Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон ба бунёди роҳ дар марз омода аст." Қирғизистон чӣ мегӯяд?


Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон

Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз омодагии ниҳодаш барои сохтани роҳи Хоҷаи Аъло-Ворух хабар дод. Кумисюнҳои таъину нишонагузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон моҳи майи соли 2021 ба тавофуқ расида буданд, ки роҳи Хоҷаи Аъло-Ворухро якҷоя месозанд. Бо гузашти даҳ моҳ аз имзои санад, то ҳол сохтмони роҳ оғоз нашудааст. Тарафи Қирғизистон гуфтааст, ин роҳро худаш месозад ва зери назорат хоҳад дошт.

"Мунтазири ишораи комиссия ҳастем"

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 17-уми феврал ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, муовинаш дар макони бунёди ин роҳ буд ва мақомоти Қирғизистон ҳам суҳбат карданд. Вале ба гуфтаи ӯ, "баъдан бо сабабҳои вобаста ба ҳамин протокол мавқуф гузошта шуд."

"Мо аз ҷониби вазорат омода ҳастем. Ҳар вақте ки аз ҷониби комиссияи ҳукуматӣ ишора шуд, ба гузарондани корҳои топографӣ ва аксбардорӣ ва бунёди роҳ омода ҳастем," -- афзуд вазир

"Ду созише, ки то ҳол натиҷа надодааст"

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти рӯзҳои 1 ва 2-юми майи соли гузашта дар вилояти Бодканд ба мувофиқа расидаанд, ки "то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва барасмиятдарории қонунии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон" роҳи мошингарди "Хоҷаи Аъло - Ворух"-ро (дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчигай) якҷоя месозанд.

Тоҷикистон ба сохтмони роҳи Хоҷаи Аъло-Ворух омода будааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Бино ба изҳороти расмии ҳайатҳои ду кишвар, ин роҳро Тоҷикистон "бо мақсади ҳаракати бемамониати шаҳрвандон, гузаштани нақлиёт ва молҳои кишвар" истифода ва нигоҳдорӣ мекунад.

Вале санад то ҳол иҷро нашудааст ва дақиқ нест, кай амалӣ мешавад. Рӯзи 29-уми январ Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, пас аз дидор бо мақомоти Қирғизистон гуфт, "мо ба мувофиқа расидем, ки баъди 8 рӯз ба иҷрои ин протокол шуруъ мекунем".

Вале имзои созишнома ҳоло дар Қирғизистон баҳсро эҷод кардааст. Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 2-юми феврал масъалаи марзро бо Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамин протоколи додани роҳро ба Ворух паси дарҳои баста баррасӣ карданд. Пас аз ҷаласаи порлумон Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон, ба суоли рӯзноманигорон посух дод. Ӯ гуфт, санад аз се банд иборат аст ва "ба манфиати Қирғизистон тартиб дода шудааст".

“Сохтани роҳ ҷанҷолро аз байн мебарад”

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, бо гузашти даҳ моҳ аз тавофуқ барои сохтани роҳи Хоҷаи Аъло-Ворух то ҳол ҳеч ҳаракате дида намешавад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо дар Исфара, роҳи нав аз чанд ҷиҳат барои Тоҷикистон муҳим аст. Муҳимтарин масъала, ба назари Муталиб Шарипов, рӯзноманигор ва коршинос аз Чоркӯҳ, ин аст, ки бо сохтани роҳи нав Ворух то ҷое аз бунбаст берун мешавад.

Роҳи ҷанҷолӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон
Роҳи ҷанҷолӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон

Ягона роҳ ба Ворух ҳоло аз миёни деҳаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад. Дар бисёре аз муноқишаҳои марзӣ, сокинони деҳаи Оқсой роҳрро мебанданд ва 40 ҳазор сокини ҷамоати Ворух амалан аз ҳаракат ба қисматҳои дигари Тоҷикистон маҳрум мешаванд.

Рӯзноманигори маҳаллӣ Муталиб Шарипов мегӯяд, бо сохтани роҳи нав ин ду мушкил то ҷое аз байн мераванд. Чун роҳи нав, ки барои сохтани он тавофуқ ҳосил шудааст, дигар на аз миёни деҳаи Оқсой, балки аз поёни ин деҳа мегузарад. Ҳарчанд роҳи нав масир ба Ворухро 2-3 километр дароз мекунад, вале ба гуфтаи Муталиб Шарипов, аз чанд ҷиҳат роҳи нав аҳамият дорад.

“Якум, чанд хоҷагии қирғизҳо, ки дар инҷо (Тангӣ ё Қапчиқай) зиндагӣ доранд, қирғизҳои таҳҷоӣ ҳастанд. Онҳо аз аввал бо тоҷикон муносибати хуб доштанду шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Дуюм масъала, дар инҷо мардуми зиёд зиндагӣ намекунад. Сеюм роҳи таърихие, ки дар замонҳои пеш ба Ворух мебурд, ҳамин роҳ аст. Яъне мо роҳи пешинаи Ворухро барқарор мекунем, тамом,” – шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.

Вакили қирғиз: "Ҳеч долоне намедиҳем"

Жанарбек Акаев
Жанарбек Акаев

Баъзе аз намояндагони Қирғизистон, аз ҷумла роҳбари Кумитаи амнияти миллии ин кишвар тасдиқ мекунанд, ки бояд ба Ворух долон дода шавад. Аммо иддае дигар мухолифи он ҳастанд. Жанарбек Акаев, раиси Кумитаи умури байнулмилалӣ, дифоъ, амният ва муҳоҷирати порлумони Қирғизистон, дар охири моҳи январи имсол гуфта буд, "ба Ворух ҳеч долоне дода нахоҳад шуд. Лайлак ҷазирақаламрав намешавад... Ба Шумо итминон медиҳам, ҳеч амали хилофи манфиатҳои Қирғизистон нахоҳад буд."

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд, ки ниме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст. Номуайян мондани бахше аз сарҳад ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад. Дар низои охир дар моҳи январи имсол аз ду ҷониб даҳҳо кас захмӣ шуда, аз тарафи Тоҷикистон ду кас кушта шуданд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG