Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоъ дар марз тиҷорати тоҷикону қирғизҳоро кам кардааст. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Наздик ба як сол баста мондани марзи Тоҷикистону Қирғизистон таъсири худро ба иқтисоди шимоли кишвар гузоштааст. Гардиши мол байни Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2021 ба поинтарин сатҳ расида, мақомот мегӯянд, мумкин аст, ба сифр баробар шавад. Ин ҳолат бесобиқа номида мешавад.

Накҳат Ҳакимзода, мудири Идораи омори вилояти Суғд, рӯзи 16-уми феврали имсол гуфт, "гардиши савдо бо Қирғизистон 25,1 миллион доларро ташкил кардааст. Аз ин 3,3 милионаш содирот ва 21,8 миллион воридот аст. Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки додугирифт бо Қирғизистон ба маротиб коҳиш ёфтааст."

Идораи гумруки Суғд ҳам мегӯяд, коҳиши додуситади марзӣ ҳолати ташвишоварро ба вуҷуд овардааст. Зеро чанд ноҳияи кишоварзии шимоли Тоҷикистон аз фурӯши маҳсулоти кишткардаашон рӯзии худро пайдо мекарданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Низоъ тиҷорати тоҷикону қирғизҳоро "кушт"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Баҳром Исматуллозода, сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд, 11-уми феврали имсол гуфт, "ҷангу ҷанҷол ба манфиати ягон кишвар нест. Не ба манфиати давлати Тоҷикистон, не ба Қирғизистон. Аз нигоҳи иқтисод нигарем ҳам, ягон нишондиҳандаи назаррас надоштаем дар соли гузашта. Воридоти ғайрирасмӣ ҳам ба як дараҷае коҳиш ёфтааст. Вақте марз бастааст, ягон қочоқгар ҷуръат намекунад, ки дар ин шароит ба ингуна амал даст занад."

Дар вилояти Суғд соли гузашта даҳҳо шаҳрванди Қирғизистон барои ғайриқонунӣ гузаштан аз марз боздошт ва ҷавобгар шудаанд.

Бахтиёр Оқилзода, раиси Додгоҳи вилояти Суғд, рӯзи 15-уми феврал дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, "соли 2021 барои убури ғайриқонунии марз 39 шаҳрванди Қирғизистон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд." Мақомоти додситонӣ ҳам нисбати солҳои пеш мавридҳои зиёди вайрон кардани будубоши шаҳрвандони кишвари ҳамсояро ба қайд гирифтааст.

Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд, мегӯяд, “дар соли 2021 нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон барои вайрон кардани қоидаҳои будубош 63 парвандаи маъмурӣ бо моддаи 499 қисми 1-и кодекси маъмурию ҳуқуқвайронкунӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ирсол карда шудааст”.

Қирғизистон пас аз муноқишаи моҳи апрели соли гузашта марзҳояшро ба рӯи Тоҷикистон баст ва ду кишвар даҳҳо шаҳрванди ҳамдигарро бо ҷурмҳои гуногун боздошту зиндонӣ кардаанд. Мақомоти ду кишвар ин боздоштҳоро маъмулӣ меноманд, вале коршиносон мегӯянд, “маъракаи боздошти шаҳрвандон аз ҷониби ду кишвар ангезаи сиёсӣ дорад ва ба хотири фишор ба ҳамдигар равона шудааст.”

Дар охири моҳи апрели соли гузашта дар ҷанги марзӣ беш аз 50 нафар аз ду ҷониб кушта ва зиёда аз 200 нафар захмӣ шуданд. Дар низоми моҳи январи имсол аз тарафи Тоҷикистон ду кас кушта ва аз ду ҷониб чанд нафар захмӣ шуданд. Номуайянии хатти марз ва талошҳо барои ғасби қаламравҳо сабаби ин даргириҳо мешаванд.

XS
SM
MD
LG