Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардабири телевизиони "Дожд" Русияро тарк кардааст


Тихон Дзядко
Тихон Дзядко

Сармуҳаррири телевизиони мустақили "Дожд" мегӯяд, баъди баста шудани сомонаи шабака аз ҷониби мақомоти давлатӣ, аз Русия рафтааст.

Тихон Дзядко 2-юми март дар "Telegram" навишт, ӯ ва чанде аз ҳамкасбонаш дар пасманзари саркӯби шадиди мақомот алайҳи расонаҳои мустақил Русияро ба муддати номуайян тарк карданд.

"Баъди баста шудани ғайриқонунии сомонаи "Дожд", саҳифаҳои мо дар чанд шабакаи иҷтимоӣ ва таҳдидҳо ба баъзе аз кормандон маълум шуд, ки амнияти шахсии баъзеи мо ҳоло зери хатар аст," -- гуфт Дзядко.

Эълони ӯ як рӯз баъд аз масдуд шудани сомонаи "Дожд" дар Русия садо дод. Онро бо амри Додситонии кулли Русия бастанд.

Радиои "Эхо Москвы"-ро низ бо иттиҳоми паҳн кардани маълумоте, ки мақомот "даъват ба ифротгароӣ, хушунат ва паҳн кардани маълумоти бардурӯғ" дар бораи ҳамлаи Русия ба Украина хондаанд, аз пахши барномаҳо маҳрум карданд.

"Роскомнадзор" ба расонаҳои саросари Русия ҳушдор додааст, ки амалкарди Русияро дар Украина на ҷанг ё таҷовуз, балки "амалиёти махсуси низомӣ дар Украина" биноманд.

Ин идора рӯзи 28-уми феврал сомонаи "Настояшее Время" ва тарҳи "Қрим. Воқеиятҳо", ду тарҳи Радиои Озодиро низ барои худдорӣ аз ҳазфи гузоришҳо дар бораи ҷанг дар Украина баста буд.

XS
SM
MD
LG