Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон шаҳрвандонашро аз Лаҳистон бо 2 ҳавопаймо бармегардонад


Тошканд тасмим гирифтааст, 2-юми март барои ба ватан баргардонидани узбекистониҳое, ки аз Украина ба Лаҳистон фирор кардаанд, ду ҳавопаймои дигар фиристад.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Узбекистон, дар ҳоли ҳозир беш аз 800 шаҳрванди ин кишвар дар Лаҳистон қарор доранд.

"350 шаҳрванди кишвар ба нуқтаи ҷамъшавӣ дар марзи Лаҳистон оварда шудаанд ва 450 тани дигар дар фурудгоҳи Катовитса қарор доранд", - афзудааст хадамоти матбуотии вазорат.

Манбаъ илова карда, ки сафорати Узбекистон дар шаҳри Киев берунории шаҳрвандони кишвари худро аз Украина идома медиҳад ва то ҳол 1186 узбекистонӣ ба ватан баргардонида шудааст.

XS
SM
MD
LG