Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний сокинони Русияро ба эътирозҳои ҳаррӯза даъват кард


Алексей Навалний. Акс аз бойгонӣ
Алексей Навалний. Акс аз бойгонӣ

Раҳбари зиндонии мухолифон дар Русия, Алексей Навалний, сокинони ин кишварро ба тазоҳуроти ҳаррӯза алайҳи ҳамлаи бесабаби Маскав ба Украина даъват кард.

Вай гуфт, русҳо наметавонанд "миллати тарсу ва даҳонбаста" бошанд. Навалний рӯзи дувуми март дар паёме дар Твиттер президенти Русия Владимир Путинро "подшоҳи ошкоро девона" номид ва ӯро барои оғози ҷанг алайҳи Украина накӯҳиш кард.

Раҳбари зиндонии мухолифон дар Русия навишт, "биёед, миллати тарсу ва хомӯш набошем. Тарсончакҳое, ки вонамуд мекунанд, ҷанги таҷовузкоронаи подшоҳи баръало девонаи моро ба зидди Украина намебинанд."

Аз 24-уми феврали имсол, оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина, тазоҳуроти пароканда дар саросари Русия баргузор мешавад. Тибқи иттилои ОВД-Инфо, то кунун 6835 нафар барои иштирок дар эътирозҳои зидди ҷанг дар Украина дастгир шудаанд.

"Мо бояд тарсу ҳаросро канор гузошта, ба майдон бароем ва талаб кунем, ки ҷанг поён дода шавад... Биёед, ба муқобили ҷанг мубориза барем," – гуфтааст Навалний.

Алексей Навалний, мунтақиди сарсахти Путин, соли 2021 дар Маскав, пас аз бозгашташ аз Олмон, ки дар он ҷо аз заҳролудшавӣ муолиҷа мегирифт, боздошт ва сипас ба зиндон маҳкум карда шуд. Вай Путинро ба суиқасд ба ҷонаш муттаҳам кард. Кремл ин иддаоро борҳо рад намудааст.

XS
SM
MD
LG