Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев гуфт, Қазоқистон омода аст байни Русия ва Украина миёнҷигарӣ кунад


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон бори аввал дар бораи вазъи Украина, баъди ҳамлаи Русия, изҳори назар кард.

"Мавқеи мо бояд аз зарурати қатъии таъмини амният, ягонагии арзӣ ва истиқлоламон бархезад. Ҳамчун кишвар мо бехатарии тақсимнашавандаи Авруосиёро талаб мекунем. Дар ин бора ман рӯзи 10 феврал дар сафар ба Москва гуфта будам. Мо ҳар ду кишварро ба пушти миз, даст ёфтан ба созишу муросо даъват мекунем. Роҳи дигаре нест. Сулҳи бо каму кост беҳ аз ҷанги хуб аст. Бидуни сулҳ рушд намешавад. Қазоқистон омода аст, мусоидат кунад, агар зарур шавад, миёнаравӣ кунад", - гуфт Тоқаев рӯзи 1 март.

Русия рӯзи 24 феврал ба Украина ҳамла кард. Дар минтақаҳои гуногуни Украина, аз ҷумла дар наздикии Киев ҷангҳо идома доранд. Теъдоди дақиқи кушташудаҳо аз ҳар ду ҷониб маълум нест.

XS
SM
MD
LG