Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Google Europe: Дастрасӣ ба RT ва "Спутник" дар YouTube масдуд мешавад


RT дар Youtube дастнорас шуд
RT дар Youtube дастнорас шуд

Ширкати Google Europe гуфт, дар пайванд ба ҳуҷуми Русия ба хоки Украина дастрасиро ба саҳифаҳои "Russia Today" ва "Спутник" дар YouTube масдуд мекунад.

Google, ки молики YouTube аст, рӯзи 1-уми март дар изҳороте тавассути Твиттер навишт, қарор билофосила ба иҷро медарояд, ҳарчанд аз лиҳози техникӣ фурсате лозим аст.

Дар изҳорот инчунин омадааст, мутахассисони ширкат вазъро 24 соат назорат мекунанд, то дар сурати зарурӣ зуд даст ба иқдом зананд.

Ин таҳаввулот чанд соат пеш аз он рӯй медиҳад, ки қарор аст аъзои Иттиҳоди Аврупо ба таҳримҳои пешниҳодкардаи Кумисюни Аврупо барои маҳдуд кардани дастрасии ин расонаҳо ва пахшу нашри матолибашон дар бозори Аврупо розӣ шавад.

Урсула вон дер Лейен, президенти Кумисюни Аврупо, рӯзи 27 феврал гуфт, RT ва "Спутник" бахше аз "мошини матбуоти Кремлин" ҳастанд ва Иттиҳоди Аврупо барои "манъи дурӯғпарокании заҳролуд ва зараровари онҳо дар Аврупо" иқдом мекунад.

Монеа ба он маъно мешавад, ки ширкатҳои воқеъ дар Аврупо аз пахшу нашри ҳама гуна маҳсулоти ин расонаҳо даст мекашанд.

Бознашри барномаҳои онҳо тавассути маҳвора, интернет ва филтршиканҳо манъ мешавад. Саҳифаи RT дар YouTube беш аз 4,5 миллион пайрав дорад.

XS
SM
MD
LG