Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон ва Лукашенко вазъ дар Украинаро баҳс кардаанд


Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Александр Лукашенко
Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Александр Лукашенко

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, дар мавриди ҳамлаи Русия ба Украина бо Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, гуфтугӯ кардааст. Беларус яке аз муттаҳидони наздики Русия аст.

Бино ба хабари ҳукумати Туркия, суҳбати телефонӣ рӯзи 28-уми феврал сурат гирифт. Ҷонибҳо музокироти рӯзи гузаштаро барои барқарории оташбас миёни Киев ва Маскав баррасӣ кардаанд.

Мақомҳои Русия ва Украина рӯзи гузашта дар сарҳади Беларус вохӯрданд, вале ба тавофуқ нарасиданд. Киев хоҳони оташбаси фаврӣ ва хуруҷи нерӯҳои Русия аз Украина аст.

Эрдуғон гуфтааст, Туркия ба ҳайси узви НАТО ба ифои нақши худ дар талош барои поён додан ба ҷанги миёни Русия ва Украина талош хоҳад кард. Вай рӯзе пеш ҳам гуфта буд, ки ҳамлаи Русия бар Украина ғайри қобили қабул аст.

XS
SM
MD
LG