Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздики 30 қирғизистонӣ аз Украина ба кишварҳои дигар рафтаанд


Марзи Украина бо Лаҳистон.
Марзи Украина бо Лаҳистон.

Сафорати Қирғизистон дар Украина хабар дод, аз 680 қирғизизистоние, ки дар Украина қарор доранд, 300 нафар дар қайди консулгариҳо ҳастанд.

Рӯзи 27 феврал 14 қирғизистонӣ ба Лаҳистон ва 18 каси дигар ба Молдова рафтааст. 96 тани дигар омодаи сафар ба Маҷористон (Венгрия), 15 тан ба Лаҳистон ва 4 тани дигар ба Руминия ҳастанд.

Неруҳои мусаллаҳи Русия аз 24 феврал ба ҳудуди Украина ҳамла мекунанд. Оҷонсии СММ дар умури паноҳандагон рӯзи 26 феврал хабар дод, ки бештар аз 120 ҳазор украинӣ ин кишварро тарк кардааст. Асосан занону кӯдакон ба кишварҳои ҳамсояи Украина - Лаҳистон, Руминия, Молдова ва Маҷористон мераванд. Мардон ҳаққи берун шудан аз Украинаро надоранд.

XS
SM
MD
LG