Як гуруҳ аз фаъолони ҷамъиятӣ дар Қазоқистон бо маҳкум кардани ҷанги Русия зидди Украина эълом карданд, ки барои кӯмак ба Украина кӯмаки тиббӣ ҷамъ меоранд.
"Мо, мардуми воҳиди сермиллати Қазоқистон, ки ҳодисаҳои фоҷиавии моҳи январро аз сар гузаронидем, имрӯз бо ташвиш ва дард хушунати низомии Кремл зидди Украинаро пайгирӣ дорем", - омадааст дар муроҷиати фаъолон, ки дар саҳифаи сиёсатшинос Досим Сатпаев нашр шудааст.
Зери ин муроҷиатнома ҳомии ҳуқуқ Бахитҷон Торегожин, рӯзноманигорон Ёрмурод Бапӣ, Карлигаш Еженова, рассом Сауле Сулаймонова, тоҷир Маргулан Сейсембоева ва дигарон имзо гузоштаанд.
Онҳо аз сокинони Қазоқистон даъват кардаанд, ки дар ҷамъоварии дору ва дигар васоили тиббӣ барои ирсол ба мардуми Украина кӯмак кунанд.