Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

 Раҳбарони НАТО ба тавсеаи як бахши нирӯҳои вокуниши сареъ дар кишварҳои шарқӣ розӣ шуданд


Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки ба хотири итминони хотири кишварҳои ҷойгир дар самтҳои шарқии қаламрави ин паймони низомӣ баъди ҳуҷуми Русия ба хоки Украина, НАТО омода аст бахше аз нирӯҳои вокуниши сареи худро мустақар кунад. Столтенберг, ки рӯзи 25 феврал дар нишасти матбуотие сӯҳбат мекард, истиқрори ин нирӯҳоро ҷавобгӯи амнияти ҳамагонӣ номид. Столтенберг шумори дақиқи нирӯҳоро ба забон наовард, вале гуфт:

«Дар вокуниш ба тавсеаи азими қудрати низомии Русия дар чанд моҳи охир мо аллакай нирӯҳои боздорандаву дифоии худро тақвият додаем. Дирӯз муттафиқони мо дар НАТО нақшаҳои дифоиро фаъол карданд. Дар натиҷа, мо унсурҳоеро аз нирӯҳои вокуниши НАТО дар замин, баҳр ва ҳаво тавсеа медиҳем, то ки мавқеи мо устувортар шавад ва ба ҳама гуна ҳолатҳои пешбининашаванда вокуниши сареъ нишон диҳем».

Аз ин пеш гуфта мешуд, ки НАТО дар қаламрави Эстония, Латвия, Литва ва Полша тахминан 5 ҳазор сарбоз дорад, вале дар се моҳи охир мавқеъҳояшро мустаҳкамтар кардааст. Столтенберг гуфт, ки ИМА ва дигар кишварҳои узви ин созмон бо силоҳ таъмин мекунанд.

XS
SM
MD
LG