Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷвнигори тоҷик гуфт, бо ташвиқи набераи президент Ҳоҷӣ шудааст


Дӯстмурод Шарифов, як ҳаҷвнигори маҳаллӣ.
Дӯстмурод Шарифов, як ҳаҷвнигори маҳаллӣ.

Дӯстмурод Шарифов, як ҳаҷвнигори маҳаллӣ дар Тоҷикистон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ӯро бо номи “Дон-Жуани тоҷик” мешиносанд, гуфт, бо ташвиқи Исмоили Маҳмадзоир, набераи президент ба зиёрати хонаи Худо рафтааст.

Ӯ эълон кард, ки аз ин пас ӯро Ҳоҷӣ Дӯстмурод ном баранд ва ӯ касби ҳаҷвнигориро тарк мекунад.

Дар наворе, ки рӯзи 21-уми феврал дар Ютуб нашр шудааст, Дӯстмурод Шарифов мегӯяд, ӯро Исмоили Маҳмадзоир, набераи Эмомалӣ Раҳмон ташвиқ кард, ки ба зиёрати Каъба равад. Ба гуфтаи ӯ, азбаски орзуи Ҳаҷро дошт, пешниҳодро “бо ҷону дил қабул кард.”

Ин дар ҳолест, ки расман сафари ҳаҷ бо назардошти бемории ҳамагири ковид манъ шудааст ва сафорати Арабистони Саудӣ мегӯяд, бе иҷозаи мақомоти Тоҷикистон раводиди ҳаҷ намедиҳад. Дӯстмурод Шарифов нагуфтааст, ки аз кадом роҳ сафари ҳаҷҷи худро анҷом дод.

Исмоил Маҳмадзоир, писар Маҳмадзоҳир Шарипов, домоди президент ва соҳиби бозори "Ҳоҷӣ Шариф" дар Бохтар ва тиҷоратҳои дигар дар саросари кишвар ҳаст. Бародари дигари ӯ Шамсулло Соҳибов низ домоди президент аст. Ин хонавода барои монополияи тиҷорат ва истифода аз хешутабори бо президннт танқид мешаванд.

Дӯстмурод Шарифов дар миёни ҷавонон бо ҳаҷвҳои худ маъруф аст ва саҳнаҳои ҳаҷвии ӯ ва дӯстонаш бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешуд.

XS
SM
MD
LG