Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз шаҳрвандонаш хост, ба Украина нараванд


Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон аз сокинони ин кишвар хостааст, ба Украина сафар накунанд.

Вазорат ҳамчунин ба қирғизистониҳои воқеъ дар Украина тавсия додааст, ки қонунгузории он кишвар ва тартиби будубошро риоя кунанд ва дар сурати зарурат, амнияти худро ҳифз намоянд.

Бино ба иттилои расмӣ, 680 қирғизистоние, ки дар Украина ҳузур доранд, дар сафорати Қирғизистон дар он кишвар сабти ном шудаанд. Дар маҷмуъ, дар Украина 1350 қирғизистонӣ ҳузур дорад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал фармони "амалиёти низомии вижа" дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард. Чанд соат пеш ҷудоиталабони Украина аз Русия мадади низомӣ хоста буданд.

Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфт, бо Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико, суҳбати телефонӣ дошт ва афзуд, ки “Русия ба зербунёдҳои низомӣ дар воҳидҳои марзбонии Украина зарба задааст.”

Раисиҷумҳури Украина дар саросари кишвар вазъи ҷангӣ эълон кард ва ба мардум ҳушдор дод, ки "дар хонаҳояҳошон бимонанд ва наҳаросанд." Владимир Зеленский афзуд, "тамоми арсаи амният ва дифоии Украина" кор мекунанд ва "мо омодаи ҳама чиз ҳастем." Украина тамоми қаламрави ҳавоиашро барои парвозҳои ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ баст.

XS
SM
MD
LG