Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон як мардро бо иттиҳоми зинокорӣ шаллоқ задаанд. ВИДЕО


Ҷазо барои зино дар назди мардум ва бо амри Толибон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Намояндагони "Толибон" дар Афғонистон як мардро ба иттиҳоми зинокорӣ дар байни мардум шаллоқ заданд, вале маълум нест, ҳукми ӯ аз тарафи кӣ ва кай содир шудааст.

Сокинони маркази вилояти Урузгон гуфтанд, маъмурони "Толибон" рӯзи 21-уми феврал ин мардро ба майдони марказии шаҳр оварда, бо баландгӯ ному насабашро эълон карданд ва сипас гуфтанд, ӯ бо зане бе никоҳ робита доштааст.

Ба қавли шоҳидони ҳодиса, ин мардро дар назди мардум ба ҳадде таҳқиру беобрӯ кардаанд, ки мумкин аст, дигар дар байни ҷомеа зиндагии дурусте бурда натавонад.

Баъзе аз сокинон аз иқдоми "Толибон" ҷонибдорӣ кардаанд, вале бархе мухолифи бо ин шева ҷазо додани одамон ҳастанд.

Хабарнигори бахши афғонистонии Радиои Озодӣ талош кард, дар ин маврид назари мақомоти маҳалии “Толибон”-ро бипурсад, аммо онҳо ба суҳбат ҳозир нашуданд.

Пас аз тасарруфи Афғонистон аз ҷониби “Толибон”, дар ним соли гузашта, бори аввал аст, ки дар Урузгон як мардро бо чунин тарз ҷазо медиҳанд. “Толибон” ин иқдоми худро панде барои дигарон медонанд. Созмонҳои ҳуқуқи башар инро хилофи арзишҳо ва меъёрҳои қабулшудаи байнулмилалӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG