Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский сарбозони эҳтиётиро ба артиши Украина хонд


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, дар пасманзари тасмими Русия барои фиристодани нерӯҳояш ба манотиқи таҳти назорати ҷудоихоҳон ба Донбасс, даъвати сарбозони эҳтиётиро ба артиш эълон кард.

Ӯ гуфт, "мо бояд ба таври фаврӣ артиши Украина ва воҳидҳои дигари низомиро пурра кунем.” Вале Зеленский афзуд, ин даъвати саросарӣ нест, балки гуруҳҳои алоҳида ҷалб хоҳанд шуд.

Пештар Зеленский гуфта буд, ки Украина ҷонибдори сулҳ аст ва мехоҳад, масъалаҳоро танҳо бо роҳи осоишта ҳал кунад, аммо бояд ба ҳар гуна ҳамла омода бошад. Раисиҷумҳури Украина ҳамчунин гуфт, кишвараш танҳо дар сурати ҷанги густурда бо Русия ба ҳолати низомӣ мегузарад.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 21-уми феврал “истиқлол”-и ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганскро эътироф кард. Ин дар ҳолест, ки бештари ин минтақаҳо таҳти назорати мақомоти Украина қарор доранд.

XS
SM
MD
LG