Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

29 соли артиши Тоҷикистон. Мақомот аз пешрафт мегӯянд, дигарон аз мушкилу сустӣ. ВИДЕО


Гузашти ҳарбӣ. Акс аз соли 2020

Артиши Тоҷикистонро 29 сол пеш бар пояи чанд гурӯҳи "Фронти халқӣ", як ҷониби даргири ҷанги шаҳрвандӣ, таъсис додаанд. Мақомот мегӯянд, дар тақрибан се даҳсола артиши кишвар қавӣ шудааст ва тавони ҳимояи давлат аз хатарҳои беруниро дорад. Ҳомиёни ҳуқуқ ҷалби иҷбории ҷавонон, бадрафторӣ ва фавти сарбозонро мушкили ҷиддии артиш меноманд.

Артиши Тоҷикистон чӣ дорад?

Низомиёни тоҷик рӯзи 23-юми феврал таъсиси артиши миллиро бо баргузории маросиме таҷлил карданд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри он ки вазъи ҷаҳон ва минтақа пешгӯинашаванда ва пур аз рӯйдоду ҳолатҳои ғайричашмдошт аст, хоҳони тақвияти бештари нерӯҳои мусаллаҳ шуд. Ҳамзамон аз афзоиши таслиҳот ва техникаи ҳарбӣ ва сармоягузорӣ ба нерӯҳои мусаллаҳ ситоиш кард.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Аммо коршиносон вуҷуди ин миқдор лавозимоти низомиро дар артиши Тоҷикистон нокофӣ медонанд. Ба бовари Парвиз Муллоҷонов, низоъшиноси тоҷик, ҳодисаҳои даргирӣ дар марз бо Қирғизистон собит кард, ки буҷети низомии Тоҷикистон бояд афзоиш дода шавад.

"Пештар Қирғизистон аз мо қафо буд. Соли гузашта буҷети низомии Қирғизистон шаш-ҳафт маротиба зиёд шуд. Онҳо хеле тайёрии ҷиддӣ мебинанд. Мо низ бояд тайёрӣ бинем, на барои ҷанг, албатта, аммо барои баробарӣ," – шарҳ дод Муллоҷонов.

"Намехоҳам, ки писарамро азобу шиканҷа кунанд"

Соли гузашта, баъди ба қудрат бозгаштани "Толибон" дар Афғонистон, ба ибтикори мақомоти тоҷик сафарбаркунии захираҳои инсонии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон зери унвони "Марз 2021" баргузор шуд. Ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар он сад ҳазор низомӣ ва 130 ҳазор захираи эҳтиётӣ, беш аз ҳазор зиреҳпӯшу беш аз се ҳазор воситаи махусуси низомӣ, аз ҷумла, 447 таҷҳизоти зиддиҳавоӣ ва 45 чархболу ҳавопаймои низомӣ ширкат кардаанд.

Артиши Тоҷикистон дар 29 сол тавоно шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Дар тӯли тақрибан сӣ соли вуҷуди артиши миллӣ танқидҳо аз вуҷуди бадрафторӣ дар сафи он ва ҷалби иҷборӣ ё “облава”-и ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ пайваста садо медиҳанд. Замира Шарипова, модари як ҷавони тоҷики синни даъват ба артиш, мегӯяд, дар бораи зуҳуроти номатлуб дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ зиёд шунидааст ва намехоҳад фарзандаш дар чунин артише хидмат бикунад.

"Намехоҳам, ки писарамро чунин азобу шиканҷа кунанд. Саломатии писарам чандон хуб нест. Модарон мехоҳанд писаронашон дар ҷойи нағз хидмат бикунанд," – гуфт ӯ.

Роҳи ҳал – хидмати яксола ё артиши касбӣ?

Дилшод Ҷӯраев
Дилшод Ҷӯраев

Вакили дифоъ Дилшод Ҷӯраев мегӯяд, вобаста ба мавсими даъвати ҷавонон ҳамасола шикоятҳо аз волидон ва ҷавонон дар бораи боздоштҳо ва ҷалби иҷборӣ ба артиш бештар садо медиҳад. Ба бовари ӯ, як роҳи халосӣ аз "сарбозшикор" коҳиш додани муҳлати хидмати низомӣ барои ҷавонон аз ду то ба як сол аст. Чизе, ки дар гузашта низ садо додааст, вале мақомот напазируфтанд.

"Соли гузашта қонуни нави хидмати низомӣ ба тасвиб расид, вале муҳлати хидмати ҷавонон ҳамчунон ду сол монд. Мутмаинам, агар муҳлати хидмат як сол мешуд, бештаре аз ҷавонон ихтиёрӣ ба хидмат дар артиш мерафтанд," – мегӯяд Дилшод Ҷӯраев.

Баъзе аз ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, ҳалли мушкилоти артиши Тоҷикистонро дар ҳирфаӣ ё касбӣ кардани он мебинанд. Акбар Қаюмов, академики Академияи масоили фаромиллии Русия ва дар гузашта муовини сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло мақомоти кишвар чунин имконият надоранд.

Ӯ гуфт: "Ин масъала ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон вобастагӣ дорад. Вазъияти мо ҳоло чуноне нест, ки ба шакли хидмати низомии касбӣ гузарем. Шояд бо мурури вақт мо ба ин марҳила бирасем. Вале феълан ин кор ғайриимкон аст."

Мақомоти Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистон умедворанд, ки артиши кишвар зарфияти муқобала бо чунин хатарҳоро дар ихтиёр дорад. Сокинони Тоҷикистон ва кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба ёриҳои кишварҳои ҳампаймон бештар эътимод доранд. Созмони мазкур таҳти сарварии Русия аст ва изҳори шубҳа мешавад, ки ширкати он дар таъмини амнияти кишшварҳои узваш метавонад, ангезаи сиёсӣ низ касб кунад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG