Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоми ягонаи дифои зиддиҳавоии Тоҷикистону Русия чӣ маъно дорад?


Акс аз бойгонӣ

Русия бо Тоҷикистон дар мавриди ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ (ПВО) шартнома имзо карданист. Чаро Маскав хостори фазои Тоҷикистон аст ва дар Душанбе аз чӣ ҳарос доранд?

Президенти Русия Владимир Путин ба Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дастур додааст, ки бо Тоҷикистон гуфтушунид кунанд ва дар бораи ташкили низоми ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ созишнома ба имзо расонанд. Ин дастур рӯзи 17-уми май дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Ҳукумати Русия лоиҳаи ташкили системаи муштараки дифои зиддиҳавоиро бо Тоҷикистон рӯзи 12-уми май қабул кард. Шартҳои созишнома то ҳанӯз мушаххас нашудаанд ва ҳар яке аз тарафҳо метавонад, дар бораи қатъи он огоҳиномаи хаттӣ фиристад.

Бори аввал чунин ҳадафро вазири дифои Русия Сергей Шойгу рӯзи 27-уми апрел дар Душанбе изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбир ба баланд бардоштани эътимоднокии ҳифзи сарҳади давлатӣ дар фазои ҳавоӣ равона шудааст.

Изҳороти вазири Русия дар пасманзари хабарҳо дар бораи хуруҷи зудраси нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон садо дод, ки суботи минбаъдаи онро коршиносон зери шубҳа қарор доданд. Бо вуҷуди ин, эҷоди як низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистон дар матбуоти хориҷӣ суолҳои зиёдеро ба бор овард, ки ҳамсояҳои Афғонистонро аз фазо чӣ чизе метавонад таҳдид кунад. Зеро Толибон ва гурӯҳҳои дигари мусаллаҳ дар Афғонистон ҳавопаймо надоранд.

Дар ҳақиқат хатаре ҳаст?

Оразшо Пояндашоев
Оразшо Пояндашоев

Генерал Оразшо Пояндашоев мегӯяд, бо берун шудани амрикоиҳо аз Афғонистон, бозгашти Толибон ба қудрат дар ин кишвар масъалаи замон аст.

"Ин маънои онро дорад, ки онҳо метавонанд назорати силоҳ ва ҳавонавардиро ба даст оранд. Ғайр аз ин, гурӯҳҳои бисёри террористӣ ба сохтани дронҳо ва бесарнишинҳо дастрасӣ доранд. Гоҳ-гоҳе ҳам марҳилаҳои низоъҳои доғ миёни Ҳинду Чин ва Покистону Ҳинд низ рух медиҳад ва дар чунин ҳолатҳо фазои ҳавоии Тоҷикистон бояд бехатар бошад", - таъкид мекунад Пояндашоев.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон, бозигарони берунӣ метавонанд нерӯҳои ҳавоии худро барои ҳамла ба иншоот дар қаламрави он истифода баранд ва системаи дифои ҳавоӣ, аз ҷумла аз афтиши мушакҳои тасодуфӣ метавонад муҳофизат кунад.

Низоми ягонаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои ИДМ (СНГ) 10-уми феврали соли 1995 сохта шудааст. Дар айни замон, дар ин низом 7 давлат - Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон узвият доранд.

Вазифаи асосии низом таъмини ҳифзи сарҳадҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар фазо, назорати муштарак аз рӯйи тартиби истифодаи он ва огоҳии ҷонибҳо дар бораи вазъи фазонавардӣ мебошад. Дар доираи ин низом системаҳои минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ, аз ҷумла Русияву Беларус, Русияву Қазоқистон ва Русияву Қирғизистон сохта мешаванд.

"Низоми мудофиаи зиддиҳавоии СССР бозсозӣ мешавад"

Дмитрий Литовкин
Дмитрий Литовкин

"Системаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, ки дар замони ИҶШС буд, таҷдид карда мешавад. Маркази ягонаи мудофиа вуҷуд дорад, аммо ба фарқ аз СССР, Тоҷикистон ҳуқуқи идоракунии ин системаро ба даст меорад", - мегӯяд коршиноси низомии Русия Дмитрий Литовкин. Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон аллакай системаи S-300 амал мекунад, ки воқеан ҳамаи вазифаҳои мавҷударо барои ҳифзи фазои ҳавоии ин кишвар ҳал мекунад.

Дар соли 2019, ба пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон нахустин системаҳои мушакии зиддиҳавоии S-300P ворид шуд, ки вазифаи асосии он, ба гуфтаи артиши Русия, ҳифозати иншооти пойгоҳи низомии 201 аз ҳамлаи ҳавоӣ ва ҳамчунин мудофиаи фазои минтақаи Осиёи Марказӣ муштаракан бо нерӯҳо ва василаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.

Низоми омехтаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, ба гуфтаи коршиносони низомии Русия, дар иктишофи низомӣ бартариҳои навро фароҳам меорад.

"Ин имкон медиҳад, ки минтақаи шиносоӣ ва мушаххас кардани иншооти ҳавоӣ берун аз марзҳои мо ба таври назаррас кӯчонида шавад. Мо аллакай дар он ҷо, дар дохили пойгоҳи низомии худ мудофиаи ҳарбии ҳавоӣ дорем ва акнун василаҳои иктишофӣ илова карда мешаванд. Мубодилаи иттилоот байни кишварҳои мо дар масъалаҳои назорати фазои ҳавоӣ ташкил карда мешавад”, - мегӯяд сармуҳаррири маҷаллаи "Арсенал Отечества" Виктор Мураховский.

Сергей Шойгу
Сергей Шойгу

Ба гуфтаи ӯ, созишномаи нав метавонад имкон диҳад, ки системаҳои дифои зиддиҳавоӣ барои ниёзмандиҳои Тоҷикистон ба арзиши бозори дохилӣ таъмин карда шаванд ва зентчикҳои тоҷик дар майдонҳои таълимии Русия омӯзиш дода шаванд.

Зимни сафари ахираш ба Душанбе, Сергей Шойгу изҳор дошт, ки Русия омодааст шумораи низомиёни тоҷикро барои таҳсил дар донишгоҳҳои ҳарбӣ афзоиш диҳад ва мунтазири шумораи низомиёни кишвар дар манёврҳои стратегии "Ғарб-2021" аст.

Вомонда миёни истиқлолу амният

Шахсоне, ки ба ин созишнома зид ҳастанд, дар Тоҷикистон аз интиқоли назорати ҳарими ҳавоии худ ба Маскав интиқод мекунанд.

Аҳмадшоҳ Комилзода
Аҳмадшоҳ Комилзода

Рӯзноманигори тоҷик Аҳмадшоҳ Комилзода мегӯяд, ҳарчанд чунин қарор истиқлоли ҷумҳуриро зери шубҳа мегузорад, кишвар интихоби дигаре надорад. "Агар амиқтар ба масъала нигоҳ кунед, Тоҷикистон абзори лозиме барои ҳифзи фазои ҳавоии худ аз нерӯҳои ғайридӯстро надорад. Аз ин рӯ, ташкили чунин низом дар ҳамкорӣ бо Русия, дар маҷмӯъ, ба манфиатҳои Тоҷикистон ҷавобгӯ аст", - бовар дорад Комилзода.

Ҳоло пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин иншооти низомии Русия дар хориҷи кишвар ба шумор меравад, ки аз диди сохторӣ ба Ҳавзаи низомии марказӣ тобеъ аст. Қисмҳои низомӣ ва зерсохторҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир карда шудаанд ва шумораи низомиёни пойгоҳ тақрибан 7,5 ҳазор нафарро дар бар мегирад

Мунтақидони Маскав бар инанд, ки ҳамкориҳои низомию фаннии он бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба он имкон медиҳад, ки мавқеи худро дар минтақа ҳифз кунад ва имтиёзҳои сиёсӣ ба даст орад.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG