Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Русия барои бунёди шабакаи ягонаи дифои зиддиҳавоӣ созиш мебанданд


Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дастур додааст, то мақомоти ин кишвар созишномаи бунёди шабакаи ягонаи мудофиаи зиддиҳавоиро бо Тоҷикистон омода карда, ба имзо расонанд.

Матни дастури Путин дар ин бора рӯзи 17-уми май дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии ин кишвар нашр шуд.

Тибқи он Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои хориҷии Русия уҳдадор шудаанд, ки бо Тоҷикистон музокира пеш бурда, лоиҳаи созишномаро ба имзо расонанд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон лоиҳаи чунин созишномаро бо Русия ҳанӯз моҳи сентябри соли 2020 тасвиб карда буд. Дар лоиҳаи санад гуфта мешавад, созишнома бо мақсади беҳбуди самарбахшии мудофиаи зиддиҳавоӣ дар минтақа баста мешавад.

Дар матни лоиҳаи созишнома, ки мақомоти Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ кардаанд, гуфта мешавад, бо назардошти аз якдигар ҷудо будани қаламравҳои Тоҷикистону Русия, тарафҳо масъулияти ҳимояи қисматҳои фазои Тоҷикистонро муайян хоҳанд кард.

Гуфта шудааст, созишнома ба муҳлати панҷ сол баста мешавад, вале агар ҳеч яке аз тарафҳо нияти қатъи ин созишномаро надошта бошанд, амали он ба таври автоматӣ ба панҷ соли дигар дароз карда мешавад.

XS
SM
MD
LG