Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷанги Ветнам иштирок кардааст?


Акс аз сомонаҳои расмӣ
Акс аз сомонаҳои расмӣ

Ҳамхидматони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, иддао кардаанд, ки ӯ солҳои 70-уми асри гузашта барои иштирок дар ҷанги Ветнам рафта буд.

Ҷанг дар Ветнам, ки онро амалан ҷанги миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико ном мебаранд, аз соли 1955 то 1975 давом кардааст. Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1971 то 1974 сарбози флоти баҳрӣ-ҳарбии Шӯравӣ буд, ба гуфтаи ҳамхидматонаш, соли 1973 ба Ветнам сафарбар шуда буд.

Ин паҳлӯи зиндагии президенти Тоҷикистон маълум набуд, вале ҳамхидматони ӯ дар суҳбат бо нашрияи расмии “Ҷумҳурият” гуфтаанд, онҳо ҳарчанд ба Ветнам рафтанд, амалан дар ҷанг ширкат накарданд.

Абдуманнон Каримов, яке аз ҳамхидматони президент Раҳмон, ба ин нашрия гуфтааст, барои рафтан ба ҷанги Ветнам ихтиёран ариза дода буданд.

“Соли 1973, вақте хидмат мекардем, ҷанги Втенам бо Амрико сар шуда буд. Моро аз ҳамон ҷо гирифтанд, соли 1973 ба ҷанги Ветнам бурданд,” – нақл кардааст ӯ.

Абдуҷаббор Саъдуллоев, ҳамхидмати дигари Эмомалӣ Раҳмон, гуфтааст, ки онҳоро минаҷӯӣ омӯзонда буданд, вале вақте ба Ветнам расиданд, “як ҳафта пас фармон шудааст, ки ҷанг тамом шудааст ва баргарданд.”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо гуфтааст, ки дар “Флоти Уқёнуси Ором” хидмати сарбозӣ кардааст, вале ҳеч гоҳ дар бораи иштирокаш дар ҷанги Ветнам суҳбат накардааст.

XS
SM
MD
LG