Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат гуфт, ҳеҷ зодаи Тоҷикистон дар пайванд ба эътирозҳои Қазоқистон боздошт нашудааст


Сафорати Тоҷикистон дар Нурсултон ба хабари боздошти як зодаи кишвар дар пайванд ба эътирозу ноамниҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон, вокуниш кард. Хабаргузории Tengrinews рӯзҳои гузашта аз қавли Элвира Азимова, Омбудсмени Қазоқистон навишт, ки дар миёни 20 хориҷии дастгиршуда, як зодаи Тоҷикистон низ ҳаст.

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон рӯзи 23-юми феврал бо радди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир бо мақомоти зидахли Қазоқистон дар тамос ҳастанд ва ҳеҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаҳои ахири он кишвар боздошт нашудааст.

Ба қавли Сафорат, хабар дар бораи боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯзи 18-уми феврал аз қавли Омбудсмен нашр шуда буд ва дар рӯзҳои баъдӣ бинобар тасдиқи худро наёфтан, аз сафҳаҳои хабарӣ, пок шуд.

Хабаргузориҳои қазоқӣ бо он, ки он замон аз боздошти шаҳрванди Тоҷикистон хабар дода буданд, аммо ному насаби ӯро зикр накарданд. Омбудсмени Қазоқистон Элвира Азимова гуфта буд, "то имрӯз дар бораи бист шаҳрванди хориҷӣ маълумот дорем. 12 шаҳрванди Узбекистон, се шаҳрванди Русия, ду нафар аз Қирғизистон, якнафарӣ аз Тоҷикистону Чин ва як нафар бешаҳрванд."

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон ҳамчунин изҳор дошта буд, ки дар аввал дар миёни боздоштшудаҳо ноболиғони "16-17-сола" низ буданд.

Моҳи январи имсол сокинони вилояти Мангистау дар Қазоқистон бо норозигӣ аз болоравии нархи гази моеъ эътироз карданд. Тазоҳуроти ба ин монанд дар шаҳрҳои дигари Қзаоқистон низ сар зад, аммо дар Алмаато ба хушунат печид.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва ҳамлаи "террористони хориҷӣ" хабар дод ва аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ мадад хост.

Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳодисаҳо 227 нафар кушта шуда, ҳазорҳо каси дигар захмиву дастгир шудаанд. Пайвандони дастгиршудаҳо аз шиканҷа ва бархӯрди номуносиб бо наздиконашон шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG