Мухтор Тлеубердӣ, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, имкон надорад, ки дар доираи нерӯҳои Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) ба ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск - дар шарқи Украина - нерӯ фиристода шавад.
"Не, ин имкон надорад, зеро оинномаи СПАД истифодаи нерӯи сулҳофар ва низомиро маҳдуд кардааст. Онҳоро мешавад, танҳо дар ҳудуди СПАД истифода кард", - гуфт Тлеубердӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон.
Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Белорус узви СПАД ҳастанд.
Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ҳамчунин қабули қонун дар бораи тасдиқи созишномаи ҳамкории низомӣ бо Русияро шарҳ дод. Ин қонун як ҳафта пеш аз сӯи порлумони Қазоқистон қабул шуд. "Пеш аз ҳама ин хариди техникаи низомӣ, баргузории машқҳои муштарак аст", - гуфт вазир.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин шоми 21-уми феврал дар як паёми телевизионӣ истиқлолияти Луҳанск ва Донетски Украина, минтақаҳои таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскавро эътироф кард. Ин кори ӯ норозигии Киев ва дареғҳои сарони НАТО ва Ғарбро ба бор овард.
Ин иқдом метавонад хатари низоъро ба таври ҷиддӣ афзоиш диҳад, зеро Созмони Милали Муттаҳид ва раҳбарони ғарбӣ зидди амалҳое ҳушдор додаанд, ки истиқлолияти Украинаро халалдор мекунанд.
Киев ва раҳбарони Ғарб ҳафтаҳост, ҳушдор медиҳанд, ки ҷойгир кардани 150 000 сарбози Русия дар наздикии марзи Украина метавонад, ҳамлаи Русияро ба Украина ногузир гардонад.