Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои ғарбӣ амалкарди Путинро сахт танқид карданд


Донетск, шарқи Украина, 22-юми феврал
Донетск, шарқи Украина, 22-юми феврал

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, шаби 21-уми феврал фармон дод, ки нерӯҳои ин кишвар ба минтақаҳои зери назари ҷудоиталабон дар Украина ворид шаванд. Ҳаракате, ки ба гуфтаи раҳбарони кишварҳои ғарбӣ барои Русия оқибатҳои сангине хоҳад дошт.

Чанд соат пештар аз ин фармон, Владимир Путин қарор дар бораи ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои худхондаи Луганск ва Донетскро имзо кард, ки Созмони Милал тарафдори он нест.

Кишварҳои ғарбӣ, ки аз сар задани муноқиша байни Русияву Украина метарсанд, амалкарди Путинро сахт танқид карданд.

Ҳукумати Амрико гуфт, раиси ҷумҳур Ҷо Байден дар як суҳбати телефонӣ бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ба азми қотеи Иёлоти Муттаҳида барои ҳимоят аз истиқлол ва тамомияти арзии Украина таъкид кардааст.

Фармони фиристодани нерӯҳои Русия ба Луганск ва Донетск, ки рӯзи 21-уми феврал имзо шуд, аз ҳамон рӯз бояд иҷро шавад, аммо маълум нест, ки 150 ҳазор сарбози дар марзи Украина ҷамъомадаи рус, ҳаракат ба самти хоки Украинаро оғоз кардаанд ё не.

Дар фармон омадааст, ки артиши Русия барои нигаҳдории субот ба хоки Донетск ворид мешавад. Хабаргузории "Рейтерз" бо нашри наворҳо гуфт, ки ҳаракати мошинҳои низомӣ дар наздикиҳои Донетскро мушоҳида кардаанд.

XS
SM
MD
LG