Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дини Тоҷикистон: "Раводиди ҳаҷ ва умра бепул аст, аммо…"


Ҳаҷ
Ҳаҷ

Кумитаи дини Тоҷикстон дар вокуниш ба як матлаби Радиои Озодӣ гуфтааст, раводид ё визаи ҳаҷ ва умра бепул аст, вале довталабон барои дастрас кардани он бояд "заминпулӣ, маблағи хобгоҳ, хидматрасонии нақлиёт, ғизо, суғуртаи тиббӣ ва амсоли инро пардохт намоянд."

"Яъне, аввал маблағи ҳамаи хидматрасониҳо пардохт карда мешаванд, пас аз он раводид ройгон дода мешавад," -- омадааст дар вокуниши мақомот, ки рӯзи 18-уми феврал нашр шуд.

Дар матлаби "Монополия ва монеаҳои сафари ҳаҷҷи умра дар Тоҷикистон" (5-уми феврал) як роҳбалади ширкати "Расул сохтмон" иддао карда буд, ки зоирон барои виза ва боҷи Арабистони Саудӣ 500 доллар медиҳанд.

Роҳбалад як сабаби болоравии нархи сафар ва мушкил шудани адои ҳаҷҷи умраро ба ҳамин пайванд дода буд.

Сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе рӯзи 13-уми феврал иддаои ситондани 500 долларро барои боҷу раводид ё визаи сафар ба ҳаҷҷи умра рад кард. Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, "500 доллари амрикоӣ ё ҳар маблағи дигаре барои пардохти нархи раводид набуда, балки барои пардохти арзиши он хидматрасониҳоест, ки бе додани онҳо гирифтани раводид ғайриимкон аст."

Ҳар сол садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ мераванд. То ин дам сафари онҳо ба воситаи ду ширкат – "Расул сохтмон" ва "Ормон" – имконпазир буд.

Бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ба зудӣ ҷойи онҳоро як ширкати нав мегирад. Таҳлилгарон мегӯянд, мумкин аст, бо монополитар ва гаронтар шудани ин сафар имкони тоҷикистониён барои зиёрати Каъба боз ҳам маҳдудтар мешавад.

XS
SM
MD
LG