Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири НАТО гуфт, хатари ҳамлаи Русия ба Украина "хеле зиёд аст"


Йенс Столтенберг
Йенс Столтенберг

Дабири кулли НАТО гуфт, артиши Русия барои ҳамла ба Украина омода шудааст.

Йенс Столтенберг рӯзи 19-уми феврал дар Мюнхен гуфт, "нишонаҳо вуҷуд доранд, ки Русия барои ишғоли пурраи Украина омодагӣ дорад."

Вай афзуд, "ҳама тасдиқ мекунанд, ки хатари ҳамла хеле зиёд аст." Дабири кулли НАТО ҳамчунон гуфт, Русия ҳеч низомишро аз минтақаҳои марзӣ бо Украина берун набурдааст.

Кишварҳои ғарбӣ моҳҳо боз нигаронанд, ки Русия бо гирд овардани беш аз сад ҳазор сарбозу афсараш дар наздикии марз бо Украина, қасди ҳамла ба ин кишвари ҳамсояро дорад.

Маскав исрор меварзад, ки дар фикри ҳуҷум ба Украина нест. Вале ҳамзамон аз Ғарб мехоҳад, Украина ва кишварҳои дигари Шӯравии пешинро ба узвияти НАТО напазиранд. Русия соли 2014 Қрими Украинаро ишғол карда буд.

XS
SM
MD
LG