Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: мақомоти Қазоқистон ҳодисаҳои моҳи январро пурраву ҳамаҷониба таҳқиқ намекунанд


Ҳю Уилямсов, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch
Ҳю Уилямсов, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch мегӯяд, тадбирҳои андешидаи ҳукумати Қазоқистон барои таҳқиқи ҳодисаҳои фоҷеабори моҳи январи имсол дур аз меъёрҳои “як таҳқиқоти мустақил” мебошанд. Дар ҳоле ки, ба навиштаи ин созмон, ҷомеаи баналмилалӣ ва СММ аз мақомоти Қазоқистон таҳқиқи фарогири ҳодисаҳоро интизор ҳастанд. Ҳю Уилямсов, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch рӯзи 18 феврал дар изҳороте гуфт, худи ҳукумати Қосимҷомарт Тоқаев бояд манфиатдор бошад, ки тамоми ҳодисаҳои рухдодаро ҳамаҷонибаву мӯшикофона таҳқиқ кунад, то ки ба ваъдаҳояш вафо бикунад. Ӯ гуфт, мақомот дар Қазоқистон дар бораи таҳқиқоти додситонии кулл ва ваколатдори ҳуқуқи инсон хабар медиҳанд, вале ҳеҷ яки ин ниҳод, ба қавли Уилямсон, далели пурраву мунсифона таҳқиқ шудани ҳодисаҳоеро, ки боиси марги 227 нафар ва ҷароҳати садҳо тани дигар шудааст, пешкаш намекунад.

Оғози моҳи январи имсол дар вилояти Мангистау эътирозҳои мардумӣ аз боло рафтани нархи гази моеъ ва хӯрок шурӯъ шуд. Баъди чанд рӯз ин эътирозҳои сулҳомез ба беназмиҳову саркӯбҳо бадал шуд. Мақомот аз кушта шудани 227 нафар, аз ҷумла 19 корманди ҳифзи қонун хабар доданд. Вале ҷузъиёти хеле зиёди ҳодисаҳо аз ҷомеа пинҳон мемонанд ва мақомот бо умумигӯӣ иктифо мекунаду бас.

XS
SM
MD
LG