Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камола Ҳаррис гуфт, дар сурати ҳуҷуми Русия ба Украина бахшҳои шарқии нирӯҳои НАТО тақвият меёбанд


Муовини президенти ИМА Камола Ҳаррис дар конфронси амниятии Мюнхен, ки кишварҳои узви НАТО-ро ба ҳам овардааст, гуфт, ки агар Русия ба Украина ҳамла кунад, НАТО марзҳои шарқиашро дар Аврупо тақвият мебахашад.

Дар шаҳри Мюнхени Олмон рӯзи 19 феврал конфронси кишварҳои узви паймони низомӣ шурӯъ шуд ва мавзӯи Украинаву таҳдиди Русия ба ҳуҷуми ин кишвар дар меҳвари он қарор дорад.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг аз Русия тақозо кард, ки «омодагӣ ба ҷангро бас кунад» ва барои ҳалли бӯҳрони эҷодшуда дар Украина аз паи роҳи дипломатӣ биравад. Бӯҳрон ва таҳдид ба ҷанг баъди он эҷод шуд, ки Русия дар хати марз бо Украина беш аз 100 ҳазор нирӯяшро мустақар кард. Як рӯз пеш аз ин президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки «мутмаин аст» президенти Русия Владимир Путин қарори ҳуҷум ба Украинаро дар ҳафтаҳои наздик қабул кардааст. Столтенберг гуфт, дар номае ба унвонии Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия аз ӯ хост, ки ба хотири роҳ надодан ба низоъ дар Украина ба муколамаи НАТОву Шӯрои Русия ҳамроҳ шавад. Столбтенберг гуфт, ки ҳеҷ нишонаи аз марзи Украина дур шудани нирӯҳои русӣ вуҷуд надорад ва хатари сар задани ҷанг воқеӣ мебошад. Президенти Комиссиюни Аврупо Урсула вон дер Лейен гуфт, ки агар Маскав ба Украина ҳамла кунад, бо таҳримҳои хеле азими молӣ рӯбарӯ мешавад. Ӯ инчунин гуфт, ки ба ҳама гуна ҳолати мисли пурра қатъ шудани интиқоли гази русӣ ба Аврупо ҳам омода мебошад.

XS
SM
MD
LG