Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Душанберо бо иттиҳоми таҳқири модараш ба муддати 15 рӯз ҳабс карданд


Tajikistan,Dushanbe city, reform in tajik police, 13March2019
Tajikistan,Dushanbe city, reform in tajik police, 13March2019

Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе аз боздошту муҷозоти як ҷавон бо иттиҳоми таҳқиру озори модараш хабар доданд. Сокини 31-солаи пойтахт Ш.Ш. бар асоси шикояти модараш дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 18-уми феврал хабар дод, ки Ш.-ро бо иттиҳоми озори лафзии пайвастаи модараш ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Маълум нест, ки оё худи Ш. дар ин бора чӣ назар дорад. Вале дар хабари расмӣ омадааст, ки сокини Душанбе рӯзи 16 феврал дар назди хонааш баъди ҳодисаи навбатии "дашному ҳақорати қабеҳи модар" дар пеши ҳамсоягону атрофиён дастгир шудааст. Ш. бар асоси моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне бо иттиҳоми "майдаавбошӣ" боздошт шуда, ба мӯҳлати 15 рӯз ба ҳабси мамъурӣ гирифта шудааст.

Дар як моҳи ахир ин дуюмин ҳодисаи боздошти фарзандон барои бадрафторӣ нисбати модаронашон мебошад. Мақомоти интизомӣ аввали моҳи феврал ҳам аз боздошти як мард барои озори модараш хабар дода буданд. Ҳамин тавр моҳи декабри соли 2021 як марди 46-соларо дар Душанбе барои сеюм бор барои таҳқиру шиканҷаи модараш дастгир намуданд.

Барои ҷомеаи суннатии Тоҷикистон, ки аксар сокинонаш мусалмон мебошанд, азияти волидон аз ҷониби фарзандон кам рух медиҳад ва маъмулан чунин фарзандон мавриди маҳкумияти ҷомеа қарор мегиранд. Вале солҳои охир бо сангинтар шудани мушкилоти иқтисодӣ ва маишӣ, камбуди дастрасӣ ба манзил ва шароити муносиби зист ҳодисаҳои бадрафторӣ бо волидон ҳам рух медиҳанд.

XS
SM
MD
LG