Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, баъди натиҷагирии сездаҳ рӯзи мусобиқот мунтахаби Норвегия бо касби 29 медал (14 тилло, 7 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо мисли пешин дар ҷойи аввал аст.
Мунтахаби Олмон бо касби 22 медал (10 тилло, 7 нуқра ва 5 биринҷӣ) мақоми дуюмро азони худ кардааст. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 21 медал (8 тилло, 8 нуқра ва 5 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шудааст.
Дар байни даҳгонаи аввал, инчунин Чин (8 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ), Шведсия (7 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ), Австрия (6 тилло, 7 нуқра ва 4 биринҷӣ), Нидерланд (6 тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ), Швейтсария (6 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ), Кумитаи олимпии Русия (5 тилло, 9 нуқра ва 12 биринҷӣ) ва Фаронса (4 тилло, 7 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойгир шудаанд.
Ба ғайр аз Русия, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Беларус бо ду медали нуқра дар ҷойи 22-юм, Украина бо як медали нуқра дар ҷойи 23-юм, Эстония ва Латвия бо яктоӣ медали биринҷӣ дар ҷойи 25-ум қарор доранд. Зимнан, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Тоҷикистон ва Туркманистон дар Олимпиадаи Пекин ширкат надоранд.
Ҳамин тариқ, дар сездаҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 28 кишвар медал гирифтаанд, аз он ҷумла намояндагони 21 кишвар медали тилло ба даст овардаанд.
Олимпиадаи Пекин-2022 рӯзи 20-уми феврал ба поён мерасад. Имрӯз, 18-уми феврал, варзишгарон барои панҷ маҷмуи медалҳо талош мекунанд. Дар рӯзи чордаҳуми бозиҳо мусобиқот оид ба фристайл, биатлон, конкитозӣ, ҳоккей (мардон, нимфинал) ва рақси рӯи ях доир мегардад.