Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комила Валиева барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ иҷоза гирифт


Комила Валиеваи 15-сола яке аз довталабони муҳим ба бурдани медали тиллои Олимпиадаи Пекин аст
Комила Валиеваи 15-сола яке аз довталабони муҳим ба бурдани медали тиллои Олимпиадаи Пекин аст

Додгоҳи ҳакамии варзишӣ дархости Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингиро қонеъ накард ва бо ин ба Комила (Камила) Валиева, раққосаи рӯи ях аз Русия иҷоза мешавад, ки дар мусобиқаҳо иштирок кунад. Рақобати раққосони рӯи ях дар Олимпиада аз 15-уми феврал шурӯъ мешавад. Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ дар аризаи худ ба додгоҳ гуфтанд, ки озмоиши тиббӣ вуҷуди триметазидин - як маводи тиббии манъшуда дар хуни варзишгари русро ҳанӯз пеш аз шурӯи бозиҳои Олимпии Пекин ошкор кардаанд. Додгоҳи ҳакамии варзишӣ дар ҳайати се додрас рӯзи якшанбе давоми ҳафт соат пушти дарҳои баста муҳокима барпо кард. Дар қарори додгоҳ гуфта шуд, ки Валиеваи 15-сола бо сабаби ноболиғ ва ба ҳамин сабаб “шахси ҳимоятшуда” буданаш ба бозиҳо роҳ дода мешавад. Ин мақом варзишгарро аз муваққатан берун шудан аз бозӣ бозмедорад. Додгоҳ гуфт, ки роҳ надодани ин варзишгар ба бозиҳо ба ӯ осеби ҷиддӣ мерасонад. Камила Валиеваро яке аз довталабони медали тиллои олимпӣ меноманд.

Маводи манъшудаи тиббии триметазидин, ки онро ба ҳангоми мушкили дил истеъмол мекунанд, дар нишонаҳои озмоиши тиббии Валиева ошкор шуд. Озмоиши Валиева рӯзи 25-уми декабр гузаронида шуд. Вале натиҷаҳои озмоиш танҳо 8-уми феврал эълон шуд ва он замон Валиева дар ҳайати тими олимпии Русия аллакай барандаи медали тилло гардид. Қарор шуд, ки маросими тақдими нишони тиллои варзишгарони рус ба мӯҳлати дигар вогузор мешавад. РУСАДА – Оҷонсии зиддидопингии Русия, мутобиқ бо қоидаи бозиҳо, Валиеваро аз ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум кард, вале баъди аризаи бозбинии ин қарор ӯро дубора ба бозиҳо роҳ дод. Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ гуфт, ки дар нисбати атрофиёни Валиева, яъне мураббӣ, духтур ва дигар ноболиғон санҷиши худро барпо мекунад.

XS
SM
MD
LG