Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин мегӯяд, барои баргузории Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022 омода аст


Раиси ҷумҳури Чин (аз рост) бо президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ.

Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки 4-уми феврал дар пойтахти Чин -Пекин шуруъ мешаванд, бо ширкати ҳудуди 3000 варзишгар аз 91 кишвар то рӯзи 20-уми феврал идома хоҳанд кард.

Варзишгарон барои 109 маҷмуи медалҳо аз рӯи 7 намуди варзиш дар 15 ришта - биатлон, бобслей, кёрлинг, конкитозӣ, лижаронии кӯҳӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижатозӣ, рақси рӯи ях, скелетон, сноуборд, фристайл, ҳоккейи рӯи ях, чанаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин ва шорт-трек – рақобат мекунанд.

Маросими ифтитоҳи Олимпиадаи зимистона дар Варзишгоҳи миллии Пекин, ки бо номи «Лонаи парранда» машҳур аст, 4-уми феврал соати 20.00 бо вақти маҳаллӣ (соати 17:00 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Маросими ифтитоҳро коргардон Чжан Имоу ба мисли 14 сол пеш (соли 2008 дар Олимпиадаи тобистона дар Пекин) роҳбарӣ мекунад. Зимнан, он замон намоиши ӯ ба таърихи Бозиҳои олимпӣ ҳамчун яке аз беҳтаринҳо дохил шуда буд.

Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин ҳузури шахсии беш аз 20 сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар назар аст.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Чин, раисиҷумҳури кишвари мизбон Си Ҷинпин дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 ширкат варзида, барои сарони кишварҳои хориҷӣ ва раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, ки барои иштирок дар Олимпиада ба Чин меоянд, зиёфат медиҳад.

Ба ҷуз ин, чорабиниҳои дахлдори дуҷониба баргузор карда мешавад. Бино ба изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Чин, дар миёни меҳмонони фахрие, ки ба Пекин меоянд, раҳбарони кишварҳои собиқи шӯравӣ - Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ҳастанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аз баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Чин ситоиш кардааст. Ӯ дар мусоҳиба бо China Media Group гуфтааст, баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ "баёнгари дастовард ва намоиши нерӯи Чин аст”.

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Чин 4-уми феврали имсол оғоз шуда, то 20-уми феврал идома хоҳанд кард. Вале варзишгарони тоҷик ба он роҳ наёфтанд, чун ба қавли мақомот, натавонистанд, меъёрҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат иҷро кунанд.

Аммо баъзе аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Австралия ва Амрико бойкоти дипломатии Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекинро эълон карданд ва ба он як қатор кишварҳои дигар низ пайвастанд.

Ин ба он маъност, ки намояндагони расмии ин кишварҳо ба Пекин намераванд. Сабаби бойкот нақзи дағалонаи ҳуқуқи башар дар лагерҳои бозтарбияи мусулмонон (уйғурҳо, қазоқҳо ва қирғизҳо) дар вилояти Шинҷон гуфта шудааст.

Дар Олимпиадаи соли 2022 бори аввал дар таърихи Бозиҳои зимистона варзишгарон аз Гаити ва Арабистони Саудӣ ширкат меварзанд.

Варзишгарон бештар дар дастаҳои мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (222 нафар), Канада (215), Русия (212), Чин (170), Швейтсария (168), Олмон (148), Ҷопон (124), Италия (118), Шведсия (116), Ҷумҳурии Чех (113) ва Австрия (106) ҳастанд.

Вале варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин иштирок намекунанд, зеро ки онҳо натавонистанд меъёрҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2022 иҷро кунанд.

Ба ғайр аз Тоҷикистон, аз байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2022 Туркманистон ширкат намеварзад. Зимнан, Туркманистон ягон маротиба дар Бозиҳои олимпии зимистона иштирок накардааст.

Таркиби дастаҳои мунтахаби кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022 чунин аст:

Арманистон - 6 варзишгар (3 мард ва 3 зан) дар се намуд - лижаронии кӯҳӣ, пойгаи лижатозӣ, рақси рӯи ях.

Беларус - 29 варзишгар (13 мард ва 16 зан) дар 6 намуд – биатлон, лижаронии кӯҳӣ, конкитозӣ, пойгаи лижатозӣ, рақси рӯи ях, фристайл.

Гурҷистон - 9 варзишгар (5 мард ва 4 зан) дар 3 намуд - лижаронии кӯҳӣ, чанаронӣ, рақси рӯи ях.

Қазоқистон - 34 варзишгар (17 мард ва 17 зан) дар 8 намуд - биатлон, лижаронии кӯҳӣ, конкитозӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш аз трамплин, фристайл, шорт-трек.

Қирғизистон – 1 варзишгар (мард) дар 1 намуд - лижаронии кӯҳӣ (слалом ва гигантслалом).

Латвия - 58 варзишгар (47 мард ва 11 зан) дар 11 намуд - биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, конкитозӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижатозӣ, чанаронӣ, скелетон, рақси рӯи ях, ҳоккейи рӯи ях, шорт-трек.

Литва - 13 варзишгар (8 мард ва 5 зан) дар 4 намуд - биатлон, лижаронии кӯҳӣ, пойгаи лижатозӣ, рақси рӯи ях.

Молдова - 5 варзишгар (2 мард ва 3 зан) дар 2 намуд – биатлон, чанаронӣ.

Озарбойҷон - 2 варзишгар (1 мард ва 1 зан) дар рақси рӯи ях.

Русия (ROC – Кумитаи олимпии Русия)- 212 варзишгар (109 мард ва 103 зан) дар 15 намуд - биатлон, бобслей, кёрлинг, конкитозӣ, лижаронии кӯҳӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижатозӣ, рақси рӯи ях, скелетон, сноуборд, фристайл, ҳоккейи рӯи ях, чанаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин ва шорт-трек.

Узбекистон – 1 варзишгар (мард) дар 1 намуд - лижаронии кӯҳӣ (слалом ва гигантслалом).

Украина - 45 варзишгар (24 мард ва 21 зан) дар 12 намуд - биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш аз трамплин, чанаронӣ, скелетон, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, шорт-трек.

Эстония - 26 варзишгар (14 мард ва 12 зан) дар 8 намуд - биатлон, лижаронии кӯҳӣ, конкитозӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш аз трамплин, рақси рӯи ях, фристайл.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG