Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Чин, бо нигаронӣ аз вазъи ҳуқуқи башар


Си Ҷинпин ва Владимир Путин
Си Ҷинпин ва Владимир Путин

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ рӯзи 4-уми феврал дар шаҳри Пекин ифтитоҳ меёбанд. Чин умед дорад, ба ин васила таваҷҷуҳро аз нигарониҳо дар ин маврид, ки Чин сарчашмаи сирояти COVID-19 аст, дур хоҳад кард.

Ҳамчунон нигаронӣ аз вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар канор хоҳад монд. Амрико, Бритониё, Канада, Олмон, Австралия ва чанде аз кишварҳои дигар маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпиро бо ишора ба поймолшавии ҳуқуқи уйғурҳо ва ақаллиятҳои дигари мусулмони Шинҷон бойкот мекунанд.

Пешбинӣ мешавад, дар маросими ифтитоҳи олимпиада раиси ҷумҳурии Чин Си Ҷинпин 20 раҳбари кишвар, аз ҷумла президенти Русия Владимир Путин ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро пазироӣ кунад.

XS
SM
MD
LG