Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олимпиадаи Пекин-2022 ширкати беш аз 20 сарони кишварҳо дар назар аст


Чин дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин ҳузури шахсии беш аз 20 сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалиро интизор аст. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Чин хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 ширкат варзида, барои сарони кишварҳои хориҷӣ ва раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, ки аз 4-ум то 6-уми феврал барои иштирок дар Олимпиада ба Чин меоянд, зиёфат медиҳад. Ба ҷуз ин, чорабиниҳои дахлдори дуҷониба баргузор карда мешавад.

Бино ба изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Чин, дар миёни меҳмонони фахрие, ки ба Пекин меоянд, президенти Русия Владимир Путин, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қирғизистон Садир Жапаров, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси, валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон Олӣ Сауд, амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Олӣ Сонӣ, валиаҳди Абу Забӣ Муҳаммад бин Зоид Олӣ Наҳаён, президенти Лаҳистон Анжей Дуда, президенти Сербия Александр Вучич, герсоги бузурги Люксембург Генри, шоҳи Монако Алберти II, президенти Аргентина Алберто Фернандес, сарвазири Покистон Имрон Хон, шоҳи Камбоча Нородом Сихамони, президенти Сингапур Ҳалима Яъқуб, президенти Эквадор Гилермо Лассо, сарвазири Муғулистон, раиси Шӯрои вазирони Босния ва Ҳерсеҳовин, сарвазири Папуа-Гвинеяи Нав, раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Корея, муовини сарвазири Озарбойҷон, шоҳзодаи Тайланд ҳастанд.

Раҳбари Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, раиси Ассамблеяи кулли СММ Абдулло Шаҳид, раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Аданом Гебреисус, инчунин раиси Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, мудири Бонки нави рушд БРИКС, дабири кулли Созмони ҳамкории Шонҳой ва дигарон низ вориди Пекин мешаванд, зикр шудааст дар санади Вазорати корҳои хориҷии Чин.

Бояд гуфт, ки Австралия ва ИМА бойкоти дипломатии Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекинро эълон карда буданд, ки ба он як қатор мамлакатҳои дигар ҳам ҳамроҳ шуданд.

Ин чунин маъно дорад, ки намояндагони расмии ин кишварҳо ба Пекин намераванд. Сабаби бойкот нақзи дағалонаи ҳуқуқи башар дар лагерҳои бозомӯзии мусулмонон ва ақаллиятҳои этникӣ (асосан уйғурҳо, қазоқҳо ва қирғизҳо) дар вилояти Шинҷон аст.

Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки 4-уми феврал дар пойтахти Пекин - Чин - шуруъ мешавад, бо ширкати ҳудуди 3000 варзишгар аз 90 кишвар то рӯзи 20-уми феврал идома хоҳад кард.

Варзишгарон барои 109 маҷмуи медалҳо аз рӯи 7 намуди варзиш дар 15 ришта - биатлон, бобслей, кёрлинг, конкитозӣ, лижаронии кӯҳӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижатозӣ, рақси рӯи ях, скелетон, сноуборд, фристайл, ҳоккейи рӯи ях, чанаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин ва шорт-трек – рақобат мекунанд.

Вале варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин ширкат намеварзанд, зеро ки онҳо натавонистанд меъёрҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2022 иҷро кунанд.

Ба ғайр аз Тоҷикистон, аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2022 Туркманистон ширкат намеварзад. Зимнан, Туркманистон ягон маротиба дар Бозиҳои олимпии зимистона иштирок накардааст.

Ҳайати мунтахаби Қазоқистон дар Олимпиадаи Пекин аз 34 варзишгар дар 6 ришта – биатлон, лижаронии кӯҳӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин, фристайл ва шорт-трек – иборат аст.

Узбекистонро бошад, як варзишгар - Комилҷон Тухтаев - дар лижаронии кӯҳӣ (слалом ва гигантслалом) муаррифӣ менамояд. Қирғизистонро низ дар ин Олимпиада як варзишгар - Максим Гордеев - дар лижаронии кӯҳӣ (слалом ва гигантслалом) намояндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG