Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия муовини сафири Амрикоро ихроҷ кард


Бинои Сафорати Амрико дар Маскав.
Бинои Сафорати Амрико дар Маскав.

Ҳукумати Русия рӯзи панҷшанбеи 17-уми феврал муовини сафири Амрико дар Маскаваро ихроҷ кард. Ба гузориши хабаргузории русии "Спутник", Вазорати корҳои хориҷии Русия аз Бартл Горман хост то хоки Русияро тарк кунад.

Сафорати Амрико дар Маскав бо таъйиди ин хабар, амалкарди Русия барои берун кардани дипломати баландпояи худро "ноодилона" хонда ва гуфтааст, оқои Горман визаи дипломатии сесола дорад ва берун кардани ӯ қабл аз тамом шудани муҳлати раводиди вай, вокуниши мутақобили ҳукумати Амрикоро дар пай хоҳад дошт.

"Спутник" сабаби ихроҷи оқои Горманро "иқдоми мутақобили ҳукумати Русия" ба хотири берун кардани 50 дипломат ва аъзои хонаводаҳои онҳо аз ИМА аз сӯи вазорати хориҷии он кишвар дар моҳи гузашта хондааст. Ин афрод бинобар "поён ёфтани муҳлати визаи дипломатӣ"-и худ маҷбур ба тарки Амрико шуданд.

Робитаҳои дипломатии Русия ва Амрико тайи солҳои гузашта пуртаниш будааст ва ҷонибҳо борҳо дипломатҳои худро ихроҷ кардаанд. Буҳрони ахири Украина ба ин танишҳо доман задааст. Амрико Русияро муттаҳам мекунад, ки қасд дорад ба Украина ҳамла кунад. Русия ҳамвора ин иттиҳомро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG