Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса: Эрон барои қабули созиши ҳастаӣ чанд рӯз фурсат дорад


Вазири корҳои хориҷии Фаронса рӯзи 16-уми феврал ҳушдор дод, ки Эрон "фақат чанд рӯзи дигар" барои пазируфтани созиши ҳастаӣ фурсат дорад ва дар ғайри он, "бӯҳрони ҷиддӣ" оғоз хоҳад шуд.

Ҷен Дриан дар порлумони он кишвар гуфт, "мо ниёзманди тасмимҳои сиёсӣ аз сӯи эрониҳо ҳастем. Онҳо як интихоби бисёр рӯшан доранд". Вазири корҳои хориҷии Фаронса таъкид кардааст, ки шикасти гуфтугӯҳои Вена боиси оғози "бӯҳрони калон" хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, баъзе мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ, аз ҷумла раиси ҳайати гуфтугӯкунандаи эронӣ дар Вена, низ дар бораи раванди музокирот ибрози назар кардаанд.

Алӣ Боқири Канӣ, раҳбари музокиракунандаҳои эронӣ рӯзи чаҳоршанбе дар "Твиттер" навишт, саранҷом пас аз чанд ҳафта гуфтугӯҳо, эҳтимоли даст ёфтан ба созиш афзоиш ёфтааст.

Ӯ навишт, "беш аз ҳар вақти дигар ба созиш наздик шудаем, аммо то вақте дар бораи ҳама чиз тавофуқ нашуда бошад, дар бораи ҳеч чизе созиш нашудааст". Ӯ дар идома гуфтааст, акнун "замони тасмимгирии тарафҳои гуфтугӯкунанда фаро расидааст".

Аз сӯи дигар, Нед Прайс, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, шаби гузашта эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида дар "марҳилаи воқеан" ниҳоии музокироти ғайримустақим бо Эрон бо ҳадафи наҷоти созиши ҳастаии соли 2015 аст.

Прайс ба хабарнигорон гуфт, "дар давраи воқеан ҳалкунанда ба сар мебарем ва дар ниҳоят маълум мешавад, ки бозгашти дуҷониба ба созиши ҳастаӣ имконпазир аст ё не".

XS
SM
MD
LG