Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як кӯдаки тоҷик дар Сурия аз сараш захмӣ шудааст


Паноҳгоҳе дар Сурия
Паноҳгоҳе дар Сурия

Дар тирпаронӣ дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия кӯдаки панҷсолаи тоҷик аз сараш захмӣ шудааст. Ҳодиса ҳафтаи гузашта ва замоне рӯй додааст, ки чанд ҳамсари ҷангҷӯёни ДОИШ зидди нерӯҳои курд эътироз карданд.

Амина, як зани тоҷик, рӯзи 17-уми феврал гуфт, “он рӯз дар паноҳгоҳ сӯхтор сар зад ва миёни чанд зан ва сарбозони курд муноқиша рух дод.” Ба қавли ӯ, сарбозон тир кушодаанд ва як тир ба сари кӯдаки панҷсола расидааст.

Ӯ афзуд, “тир ба мағзи сари кӯдак осеб нарасонидааст, аз ин рӯ, вазъаш вазнин нест.” Ҳувияти кӯдак ва модараш барои Радиои Озодӣ маълум шуд, аммо онҳо нахостанд, номашон бурда шавад.

Дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳ дошта мешаванд. Аксари онҳо охири соли 2018 пас аз шикасти ДОИШ ба сарбозони курд таслим шуда буданд.

Онҳо ҳамсарону кӯдакони ҷангҷӯёни ДОИШ ҳастанд, ки солҳои 2014-2017 ба Ироқ ва Сурия рафтаанд. Аксар мардон кушта ва бенишон шудаанд, вале занҳо дар ин паноҳгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд.

Онҳо борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, барои бозагшт ба ватан ёрӣ кунанд. Мақомот ваъдаи баргардонидани онҳоро доданд, аммо ҳанӯз ин кор бо далели номаълум сурат нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG