Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои тахриби иншооти таърихӣ дар Узбекистон зиндонӣ мекунанд


Қонуни нави Узбекистон барои вайрон кардан ё осеб расондан ба иншооти мероси фарҳангии моддӣ, ки зери ҳимояти давлат қарор дорад, то 7 соли зиндон пешбинӣ кардааст.

Бино ба хабари сомонаи "Иттилои ҳуқуқӣ", қонуни нав 15-уми феврал аз сӯи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев имзо шудааст.

Бар асоси тағйироти ахир ба банди 132-юми Кодекси ҷиноии Узбекистон, шахсоне, ки иншооти мероси фарҳангии моддиро тахриб ё ба он осеб мерасонанд, ба муҳлати аз 5 то 7 сол зиндонӣ мешаванд.

Ҳамчунин барои риоя накардани қарорҳои Оҷонси мероси фарҳангии Узбекистон ва шӯъбаҳои ҳудудии он ҷавобгарии маъмурӣ дар шакли ҷарима ба маблағи аз $75 то $124 пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG