Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рузахонов мақомоти Қазоқистонро ба додгоҳ кашиданист


Викрам Рузахунов, навозандаи қирғиз
Викрам Рузахунов, навозандаи қирғиз

Викрам Рузахунов, навозандаи қирғиз, ки дар Қазоқистон бо гумони даст доштан дар бетартибиҳо боздошт шуда буд, баъди раҳоӣ ва баргашташ ба ватан мегӯяд, барои тантанаи адолат мубориза хоҳад бурд.

"Дар ин бора хеле фикр кардам. Наметавонам ба ин қазия тавре нигоҳ кунам, ки гуё чизе нашудааст. Ман тасмим гирифтам, ки ин қазия бояд як намунаи хубе барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, барои рушди демократия шавад", - гуфтааст ӯ.

Ба Рузахунов ҳуқуқшиносони қирғиз кумак хоҳанд кард. Вале дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки онҳо ба кадом ниҳод муроҷиат мекунанд.

Рӯзи 9-уми январ расонаҳои давлатии Қазоқистон навори суҳбати мардеро нашр карданд, ки мегуфт, аз Қирғизистон барои ширкат дар эътироз омада буд. Ҳарчанд, номи ӯ гуфта намешуд, қирғизистониҳо навозандаро шинохтанд.

Ӯ дар навор гуфта буд, ки барои иштирок дар эътироз ба ӯ 200 доллари амрикоӣ ваъда карда буданд ва дар хонаи иҷорае зиндагӣ мекард, ки тоҷикону узбекон низ буданд.

Ҳарчанд, дар видеои расонаҳои давлатӣ Рузахунов ба ҳузури тоҷикону узбекон дар нооромиҳои Қазоқистон ишора мекард, расман аз ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон дар эътирозҳои ин кишвар хабаре нашр нашудааст.

Мақомоти қирғиз ва пайвандонаш гуфтанд, ки ӯ зери фишор суҳбат кардааст, чун дар чеҳрааш осори латукӯб дида мешуд.

Ба нақли хешовандонаш, рӯзи 2-юми январи соли равон Рузахунов бо дархости мухлисонаш барои ширкат дар кадом маросими хурсандӣ ба Алмато рафта буд ва то лаҳзаи нашри навори боздошташ бо онҳо тамос надошт.

Пас аз нашри ин видео гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон дар назди бинои сафорати Қазоқистон барои раҳоии Рузахунов эътироз карданд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар робита ба боздошти Рузахунов ба Қазоқистон нотаи эътирозӣ ирсол кард.

Рӯзи 2-юми январ дар Қазоқистон эътироз дар робита ба боло рафтани нархи гази моеъ оғоз шуд. Рӯзи 6-уми январ эътироз дар Алмато ба хушунат печид. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти ин кишвар гуфт, ки ба Қазоқистон "террористон" ҳамла кардаанд ва аз кишварҳои узви созмони СПАД кумак хост.

XS
SM
MD
LG