Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон аз Узбекистону Эрон


Дастаи мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ), ки дар Бишкеки Қирғизистон ҷараён дорад, аз тимҳои Узбекистон (1:3) ва Эрон (1:2) мағлуб шуд.

Дар қаҳрамонии футзали CAFA-2022 миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола панҷ даста – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон – иштирок доранд.

Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа мунтахаби Эрон бо шаш имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои Узбекистону Афғонистон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Вале тимҳои Қирғизистону Тоҷикистон имтиёз надоранд.

Даври сеюми мусобиқа 15-уми феврал доир мегардад. Дастаҳои Афғонистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистон бо ҳам рӯбарӯ мешаванд.

Бар асоси дастур, мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мегардад ва ҳар як даста чаҳор бозӣ анҷом медиҳад. Ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари бадастоварда муайян мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Газпром»-и Бишкек доир мегарданд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро ба мусобиқаи Бишкек мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ омода кардааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола

Даври 1-ум

Узбекистон – Тоҷикистон – 3:1

Голҳо: Далер Эшонқулов, 12 (1:0). Ҷовидон Хушвахтов, 13 (1:1). Далер Эшонқулов, 34 (2:1). Самандар Муродқулов, 40 (3:1).

Эрон – Афғонистон – 10:3

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Эрон – 1:2

Голҳо: Амирҳамза Сиддиқзода, 7 (0:1). Умед Назризода, 26 – ба дарвозаи худ (0:2). Саидисроил Саидов, 38 (1:2).

Қирғизистон – Афғонистон – 3:5

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Эрон

2

2

0

0

12-4

6

2

Узбекистон

1

1

0

0

3-1

3

3

Афғонистон

2

1

0

1

8-13

3

4

Қирғизистон

1

0

0

1

3-5

0

5

Тоҷикистон

2

0

0

2

2-5

0

Даври 3-юм

15 феврал (сешанбе)

15:00 – Афғонистон – Тоҷикистон

18:00 – Қирғизистон – Узбекистон

Даври 4-ум

17 феврал (панҷшанбе)

15:00 – Афғонистон – Узбекистон

18:00 – Эрон – Қирғизистон

Даври 5-ум

19 феврал (шанбе)

15:00 – Узбекистон – Эрон

18:00Тоҷикистон – Қирғизистон

Эзоҳ: оғози бозиҳо бо вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG