Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон 12 март интихоботи ғайринавбатии президентӣ доир мешавад


Дар Туркманистон рӯзи 12-уми март интихоботи ғайринавбатии президентӣ доир мешавад. Дар ин бора Комисияи марказии интихоботии он кишвар хабар дод.

Рӯзи 11-уми феврал Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар ҷаласаи ғайринавбатии палатаи болоии порлумони кишвараш гуфт, ба қароре омадааст, ки роҳро ба раҳбарони ҷавон боз кунад. Ӯ гуфт, ки ду сол пеш ба синни пайғамбарӣ, яъне синни 63-солагӣ расида буд.

Бердимуҳаммадов соли 2007 курсии президентии Туркманистонро гирифта буд. Ӯ гуфт, ки 15 сол боз дар ин мақом кор мекунад. Расонаҳо навиштанд, ки ӯ ба хаста шуданаш ишора мекунад.

Соли 2016 порлумони Туркманистон ба сарқонуни ин кишвар тағйир ворид кард, ки бар асоси он муҳлати президентӣ аз 5 сол ба ҳафт сол боло бурда шуд.

Президенти Туркманистон писаре бо номи Сардор Бердимуҳаммадов дорад, ки ҳоло муовини нахуствазири кишвар аст.

Эҳтимол меравад, ки ӯ ҷойгузини падараш шавад. Бердимуҳаммадов унвони пешво ва ҳомии миллати туркман "Аркадаг"-ро дорад.

Ҳоло маълум нест, ки дар сурати сари қудрат омадани раҳбари дигар, Бердимуҳаммадов чӣ вазифаеро бар душ хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG