Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмаато ёди қурбониёни моҳи январро гиромӣ доштанд


Гирдиҳамоии рӯзи 13-уми феврал дар Алмаато
Гирдиҳамоии рӯзи 13-уми феврал дар Алмаато

Рӯзи 13-уми феврал садҳо нафар дар маркази Алмаато бузургтарин шаҳри Қазоқистон ҷамъ омада ва ёди онҳоеро гиромӣ доштанд, ки ҳангоми нооромиҳои моҳи январ кушта шуданд.

Дар ин гирдиҳамоӣ, ки бидуни иҷозаи мақомот сурат гирифт, мардум хостанд, ки ба раиси ҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев изҳори нобоварӣ эълон карда шавад ва Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқро барои нақшаш дар саркӯби тазоҳурот ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар ин шаҳр мегӯянд, ки теъдоди гирдиҳамомадагон 500 то 600 нафарро ташкил медод. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар ҷараёни ошӯбу нооромиҳои моҳи январ 227 нафар, аз ҷумла 19 маъмури интизомӣ кушта шуданд.

Дар ин кишвар тазоҳуроти осоишта, ки рӯзи 2-уми январ ба нишони эътироз аз болоравии қимати маводи сӯхт оғоз ёфт, баъдан ба тазоҳуроти васеи зиддиҳукуматӣ табдил ёфт. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, теъдоди қурбониён дар он рӯзҳо бештар аз он аст, ки ҳукумат мегӯяд.

XS
SM
MD
LG